Фазилатҳои рӯзаи моҳи Рамазон: Рӯза фақат худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест

Июнь 15, 2016 12:01

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рамазон аз вожаи «рамаз» гирифта шуда, маънои шиддати ҳарорат, сӯзониданро ифода мекунад. Азбаски дар ин моҳ гуноҳҳои инсонҳои мӯъмин аз ҷониби Худованд сӯзонида, яъне аз тариқи бахшидан нобуд карда мешаванд ва онҳо мавриди раҳмату мағфирати илоҳӣ қарор мегиранд, ин моҳи муборакро Рамазон гуфтаанд. Дар ҳадис омадааст: «Иннамосумия-р-Рамазону ли аннаҳу ярмузу-з-зунуба» – «Ба дурустӣ, ки (моҳи) Рамазон ба ин сабаб чунин номида шуд, зеро ки он гуноҳонро месӯзонад». Рамазон, ки дар Қуръон зикр шудааст, номи моҳи нӯҳуми тақвими қамарӣ мебошад. Ривоят мекунанд, ки дар ин моҳ на танҳо Қуръон, балки пештар аз ин дигар китобҳои осмонӣ, аз ҷумла Инҷил, Таврот, Забур ва Суҳуф ҳам нозил шуда будаанд.

Доир ба аҳамияти ин моҳ дар як ҳадиси Пайғамбари ислом (с) чунин омадааст: «Эй мардум, моҳи Худо бо баракату раҳмату мағфират ба шумо рӯй овард, моҳе ки назди Худо аз ҳама моҳҳо бартар, рӯзҳояш бар ҳама рӯзҳо, шабҳояш бар ҳама шабҳо ва соатҳояш бар ҳама соатҳо бартар аст. Моҳест, ки шумо дар он ба меҳмонии Худо даъват шуда, мавриди лутфи ӯ қарор гирифтаед. Нафасҳои шумо дар он тасбеҳ ва хобатон дар он ибодат, амалатон дар он мақбул ва дуоятон дар он мустаҷоб мегардад». Фазилату баракати ин моҳ беҳтар аз ҳазор моҳ муқаррар шудааст.

Як фазилати неки рӯзадорӣ дар он зоҳир мегардад, ки рӯҳу равону қалб ва ҷисмро оромиш дода, боиси болидарӯҳии ҷисми инсони рӯзадор мешавад, чунончи ҳадисе мефармояд: «Меъдахонаи тамоми дардҳо ва имсок (рӯза доштан) беҳтарини доруҳост». Ин фазилати рӯзаро бисёр олимону мутахассисони соҳаи тиб низ тасдиқ мекунанд. Чӣ тавре ки ташхисҳои муосири тиббӣ собит менамоянд, рӯза доштани шахси солим ва тандуруст барои обутоби ҷисмонии ӯ муфид аст. Аз ҳамин сабаб пи­зиш­кон дар кишварҳои пешрафта рӯзадориро ҳамчун усули муассири парҳез барои табобату пешгирии фарбеҳӣ ва бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима тавсия менамоянд.

Дар асоси маълумоти зикршуда чунин хулоса кардан мумкин аст, ки рӯза ҳомили фоидаҳои маънавӣ, равонӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштии зиёде барои шахси рӯзадор мебошад:

— инсонро дар мактаби сабру шикебоӣ ва пурбардошт будан тарбият менамояд;

— хештандорӣ ва худидоракуниро ба инсон меомӯзад;

— назму ҳамоҳангиро дар байни пайравони ислом густариш медиҳад;

— ишқу дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон устувор мекунад;

— отифаи меҳрубонию дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад;

-шарру фасод ва разоили ахлоқиро дар миёни мардум коҳиш медиҳад;

-дастгоҳи гувориш (меъда)-ро полоиш ва покиза менамояд;

— баданро аз зиёдатиҳои бозмонда ва русуботи такшингашта, ки аз маводи хӯрданӣ ва ошомиданиҳо ба вуҷуд меоянд, пок мегардонад;

— фарбеҳии зиёди бадан ва чарбҳои изофии онро коҳиш медиҳад.

Тибқи далолати оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ фазилату савобҳои моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадорӣ ба ҳар кас не, балки танҳо ба онҳое насиб мегардад, ки муқаррароту одоби рӯзадориро риоя намуда, зимнан, аз ҳикмати рӯза низ хуб огоҳ бошанд, ҳақиқати онро дарк кунанд ва онро дар гуфтору кирдори худ ҷомаи амал пӯшонанд. Дар адабиёти исломӣ дар мавриди одоби рӯзадорӣ ривоёти зиёде зикр шудаанд. Касоне, ки тиловати Қуръон мекунанд, вале ба оёту аҳкоми он амал намекунанд, инчунин, рӯзадороне, ки танҳо ранҷи гуруснагӣ ва ташнагиро мекашанду ба василаи муртакиби гуноҳ шудан таъсири рӯзаро аз байн мебаранд, мавриди мазаммат қарор мегиранд. Рафтори ин қабил шахсон дар матни ҳадисҳо баён гардида, аз моҳи шарифи Рамазон баҳравар шуданашон зери шубҳа афтодааст: «Эй чӣ басо рӯзадорест, ки аз рӯза ба ғайри гуруснагиву ташнагӣ чизе баҳра набурда ва чӣ басо шабзиндадорест, ки аз қиёми шабаш (ба сабаби риоя накарда­ни шартҳои камоли он) ба ҷуз бехобӣ чизе насибаш нагаштааст».

Рӯза фақат худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест, балки дурӣ ҷустан аз корҳои зишт ва суханони қабеҳ низ мебошад. Яъне, ҳамаи онҳое, ки дар Рамазон аз субҳи содиқ то намози шом аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд, рӯзадори ҳақиқӣ нестанд, балки ҳамон қисмати онҳо рӯзадори ҳақиқӣ мебошанд, ки дар пиндор, гуфтор ва рафтори худ сахт парҳезко­рӣ мекунанд, тавре ки дар як ҳадис омадааст: «Рӯза танҳо аз худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан иборат нест, балки он худдорӣ аз дилхушию бадраф­торӣ ва носазогӯиро низ шомил мебошад. Бинобар ин, касе туро (ба вақти рӯза) дашном диҳад ва ё бар ту ҷаҳл намояд, бигӯ: ман рӯзадорам». Дар ҳадиси дигар зикр мешавад, ки пайғамбар (с) занеро, ки бо даҳони рӯзадорӣ канизи худро дашном медод,чунин танбеҳ медиҳад: «Чӣ гуна рӯзадорӣ, дар ҳоле ки канизатро дашном медиҳӣ?!»

Фазилати дигари моҳи шарифи Рамазон ин шаби Қадр аст. Дар ин моҳ шабеҳ аст бо номи шаби Қадр, ки назди Худованд аз ҳазор моҳ боарзиштар аст. Дар Қуръон як сура «Қадр» ном дорад, ки дар он чаҳор хусусият ва фазилати шаби  Қадр таъкид шудааст:

  1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст;
  2. Он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст;
  3. Фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (а) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин фуруд меоянд;
  4. Он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруду офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост – шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Даҳ рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон даҳаи раҳмат ном дорад. Ҳикмату фазилати ин даҳа дар он аст, ки дар он раҳмату меҳрубонии Худованд болои бандагони мусулмон арзо­нӣ дошта мешавад; маводи хӯрданию ошомидании рӯзадоронро Худо дар ин даҳа ончуноне муяссар мегардонад, ки худа­шон дар ҳайрат мемо­нанд; афзудани файзу баракат ва хайру саховат дар ин даҳа низ аз нишо­на­ҳои лутфу карам ва меҳрубонии илоҳист. Ҳикмати асосӣ дар ин даҳа ибо­рат аз он аст, ки мардум пайваста шукргузорӣ аз сулҳу субот, тинҷию оромӣ, рушду нумӯ, созандагию ободонӣ ва ояндаи дурахшони Ватани аҷдодиро аз лутфу карам ва шафқату меҳрубонии Офаридгор ва баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати сартосари миллӣ дониста, ҳамин рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худошиносиро дар замирҳояшон талқин менамоянд.

 

 

Камолиддин Хоҷаев, сармутахассиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 15, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд