Ғолибони 4 гурӯҳи бозиҳои Ҷоми Амрико муайян шуданд

Июнь 16, 2016 17:07

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар 4 гурӯҳи бозиҳои Ҷоми Амрико ғолибон муайян шуданд. Аз гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ИМА ва Колумбия, аз гурӯҳи«В» Эквадор ва Перу, аз гурӯҳи «С» Мексика ва Венесуэла ва аз гурӯҳи «Д» Аргентина бо Чилӣ ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Мутаассифона, дастаҳои машҳури Бразилия аз гурӯҳи «В» ва Уругвай аз гурӯҳи «С»  дар силсилаи ин вохӯриҳо ба дастоварде соҳиб нашуда, мусобиқаро тарк гуфтанд. То ҳол ба мухлисон маълум нест, ки чаро нишонзани беҳтарини Чемпионати Испания Луис Суарес (ФК «Барселона»)  дар бозиҳои дастаи мунтахаби Уругвай ширкат наварзид. Ҳарчанд Луис Суарес дар бозии ниҳоии Ҷоми Испания лат бардошта буд, дар нимаи дуввуми вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Венесуэла барои ба майдон омадан омода шуд, аммо сармураббии дастаи мунтахаби Уругвай Оскар Табарес  ӯро ба бозӣ нагузошт. Аз ҷараёни гузориши телевизионӣ аён буд, ки Луис Суарес аз ин норозӣ аст ва бо дастонаш девори ҷои нишасти ҳайатӣ эҳтиётиро муштборон кард. Баъд аз бозӣ дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи мунтахаби Уругвай Табарес иттилоъ додааст, ки бозингари 100 фоиз омоданабударо ӯ ба майдон роҳ намедиҳад ва духтурон низ ба ӯ тавсия надодаанд.  Дар ин бора Луис Суарес дар кадом андеша аст, касе намедонад.
Ба ҳамин тартиб дар вохӯриҳои ¼- ниҳоӣ ИМА бо Эквадор, Перу бо Колумбия, Аргентина бо Венесуэла ва Мексика бо Чилӣ қувва месанҷанд.

Июнь 16, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд