Дар ноҳияи Деваштич конфронси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид
Деваштич, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Маҳз самараи сулҳу ваҳдат аст, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар вусъат ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боло меравад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад»,- зикр гардид дар конфронси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Зиёдулло Турдиев дар бораи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 маърӯза карда, зикр кард, ки бахши ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собитқадамона амалӣ намуда, чорабиниҳои зиёди оммавию сиёсиро баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият, таъмини оромию осоиштагӣ ва сулҳу Ваҳдати пойдор, ки асоси пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, баргузор менамояд.
Дар конфронс инчунин бинобар ба амал омадани тағйироти кадрӣ ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ ва Шӯрои кӯҳансолон иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамчунин вазифаҳои навбатӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 — солагии тасисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ гардиданд. Иштирокчиёни конфронс ба кулли сокинони ноҳия Муроҷиатнома қабул намуданд, ки ҳадафи асосии он вусъат бахшидани фаъолияти ҷамоатчигӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.








Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад






