Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 03.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Монографияи пешниҳодшудаи профессор Қурбонова Ширин Исмоиловна «Пешвои миллат ва 34 соли роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон» асари бунёдии илмӣ мебошад, ки ба шахсияти барҷастаи таърихии асри XXI – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Ин монография дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида, аз ин рӯ аҳамияти махсуси сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорад.
Нашри ин асар дар замони муҳими таърихӣ – баъди аз сар гузаронидани буҳрони ҷаҳонии пандемиявӣ, шароити мураккаби геополитикӣ ва дар ҳоли такмили минбаъдаи давлатдории миллӣ сурат гирифтааст, ки арзиши онро боз ҳам баланд мебардорад.
Мавзуи монография яке аз марказӣ ва ҳассостарин мавзуҳои илмҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Муаллиф ба таври дақиқ ва ҳамаҷониба роҳи 34-солаи барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдат ва рушди устувори Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Пешвои миллат таҳлил намудааст. Боиси қадрдонӣ аст, ки профессор Қурбонова аз ҳуҷҷатҳои бойгонии расмии давлатӣ, осори Пешвои миллат, асарҳои зиёди муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ва ҳатто санадҳои байналмилалии эътирофшуда истифода бурдааст.
Дар таҳлилҳои илмӣ ва татбиқи амалии сиёсат, асарҳое, ки ҳамзамон ҳадафи таълимию тарбиявӣ доранд, камёбанд. Монографияи мазкур аз ҷумлаи ҳамин гуна асарҳост: он натанҳо барои аспирантон, олимон ва устодон, балки барои ҳар як фарди ватандӯст, ҷавон ва мансабдори давлатӣ, ки мехоҳад сабабҳои муваффақияти сулҳи тоҷикро дарк кунад, пешбинӣ шудааст. Ин асар на танҳо тасвири шахсияти Пешвои миллат, балки дастури амалии давлатдории оқилона дар шароити буҳрон мебошад.
Муаллифи монография Ш.И. Қурбонова ҷонфидоии Сарвари давлатро бо далелҳо таҳлил намуда иброз менамояд, ки: “Талошҳои сулҳофарии Пешвои миллат аз аввалин рӯзҳои роҳбариаш бо сафарҳои бесобиқа ба минтақаҳои низоъзада оғоз ёфт. Дар солҳои 1992-1993, вақте ки Тоҷикистон дар гирдоби хушунат қарор дошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатари ҷони худ ба минтақаҳои мухталифи кишвар, аз қабили Кӯлоб, Қаротегин, Ҳисор, ва ноҳияҳои атрофи Душанбе сафар кард, то бо мардуми оддӣ, роҳбарони маҳаллӣ ва ҳатто намояндагони гуруҳҳои мухолиф мулоқот кунад. Ин сафарҳо дар шароите сурат мегирифтанд, ки амният дар ин минтақаҳо таъмин набуд, ва хатари ҳамла ё ҳодисаҳои нохуш доимо вуҷуд дошт. Аммо Пешвои миллат бо имони қавӣ барои сулҳ ва ягонагии миллат ин хатарҳоро қабул кард”.
Сохтори монография бисёр ба назар мутаносиб, мантиқӣ ва пухта аст. Асар аз муқаддима, ҳафт боби мукаммал ва хулосаи мухтасар иборат мебошад. Ҳар боб ба як сифати асосии фаъолияти Пешвои миллат, ки дар номгузории бобҳо зебо инъикос ёфтааст («Сулҳофар», «Тоҷикпарвар», «Ваҳдатгаро», «Ташаббускор», «Роҳкушо», «Нурофар» ва «Сипаҳсолор»), бахшида шудааст. Ин усули мавзуӣ имкон медиҳад, ки шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси серталош ва ҷонфидо таҳлил гардад.
Боби 1. «Сулҳофар». Профессор Қурбонова дар ин боб бештар ба афкори ҳуқуқии байналмилалӣ такя кардааст. Вай нишон медиҳад, ки «модели тоҷикии сулҳ» чигуна дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Ҷанбаи ҷолиби тадқиқот дар он аст, ки муаллиф на танҳо ҷанбаҳои сиёсии созишнома, балки санадҳои ҳуқуқии махсус (афви мухолифин, баргардонидани гурезагон, тақсими қудрат) ва иҷрои онҳоро дар заминаи гуфтушунидҳои созиш, ки баъзан дар шароити хатарнок сурат мегирифтанд, таҳлил мекунад. Ин боб аҳамияти ҷиддии илмӣ дорад, зеро он ҳамчун дастури ҳуқуқӣ барои ҳалли низоъҳои шаҳрвандӣ дар дигар кишварҳо хидмат карда метавонад.
Навоварии асосии ин қисмат, дар он аст, ки муаллиф сафарҳои хатарноки Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷангзадаи Кӯлоб, Қаротегин, Ҳисор ва Файзободро ҳамчун як навъ «дипломатияи сулҳи пиёдагард» баррасӣ мекунад. Дар китобҳои ғарбӣ ин навъ дипломатия ҳамчун самараноктарин усули барқарорсозии сулҳ пас аз буҳронҳои шадид эътироф шудааст, аммо профессор Қурбонова пеш аз ҳама ба он ҷанбаҳои маҳаллӣ ва миллии ин дипломатия, ки бевосита ба арзишҳои фарҳангии тоҷик (зиёфати сулҳ, ошноӣ, ҳалли бахш) асос ёфтааст, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
Боби 2. «Тоҷикпарвар». Дар боби дуюм, арзиши бузургтарин дар он аст, ки муаллиф нишон медиҳад, ки Пешвои миллат на танҳо сиёсатмадори амал, балки файласуфи фарҳанг низ мебошад. Аксар вақт дар гузашта, фарҳанги тоҷик дар доираи сохтори шӯравӣ шаклан маҳфуз монда буд, аммо ба эҳёи аслии он пас аз истиқлолият диққати ҷиддӣ дода нашуд. Профессор Қурбонова бори нахуст ҳамчун муҳаққиқ ба ин ҷанба таваҷҷуҳи ҷиддӣ кардааст.
Ин боб аз ҷиҳати ҳуҷҷатӣ бой аст: ин ҷо истинод ба қонунҳои забони давлатии солҳои 1989, 1994, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, нашри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забони тоҷикӣ, эҳёи Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар сатҳи ЮНЕСКО (2010) оварда шудааст. Муаллиф ба таври мушаххас ташаббусҳои Президентро дар нашри китобҳои таърихӣ, барқарорсозии осорхонаҳо, театрҳо ва дастгирию кумаки санъаткорон нишон медиҳад.
Боби 3. «Ваҳдагаро». Боби сеюм боби асосии мафҳумии монография мебошад. Ваҳдат дар ин ҷо на танҳо ҳамчун ягонагии сиёсӣ, балки ҳамчун ягонагии ҳуқуқӣ, маънавӣ ва минтақавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф нишон медиҳад, ки Пешвои миллат бо сиёсати хориҷии «дарҳои кушод» ба ягонагии байналмилалии Тоҷикистон ноил гардид ва мавқеи байналмилалии мамлакатро мустаҳкам кард. Дар ин боб заминаи таърихии истиқлолият ва ваҳдат хеле хуб таҳлил шудааст.
Яке аз нуктаҳои пурқуввати ин боб он аст, ки муаллиф дар заминаи таҳлили ҳуқуқии асноди созишномаҳо (ба монанди қарорҳо оид ба ҳамгироии минтақавӣ, ҳалли масъалаҳои амниятӣ дар СААД) ба хулосае меояд, ки сиёсати Пешвои миллат на танҳо тоҷикиро ҳифз кард, балки минтақаи Осиёи Марказиро аз ноустувории минбаъда муҳофизат намуд.
Боби 4. «Ташаббускор». Дар боби чорум, муаллиф дипломатияи обии Пешвои миллатро ҳамчун як самти нави сиёсати байналмилалии Тоҷикистон эълон мекунад. Асосан дар ин боб нақши байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон дар масоили глобалӣ – пешниҳоди Соли байналмилалии об, Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» (2005-2015), эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва нақши Тоҷикистон ҳамчун «мактаби дипломатияи об» таҳлил шудааст. Ин тадқиқот дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле ҷолиб аст.
Ғайр аз ин, боб ҳамчун тадқиқоти ҷиддии ҳуқуқӣ хизмат мекунад, зеро он ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллатро на танҳо дар сатҳи мафҳумӣ, балки дар сатҳи амалии ҳуҷҷатҳои Шурои Амнияти СММ, санадҳои ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои нуфузноки байналмилалӣ таҳлил мекунад.
Боби 5. «Роҳкушо». Ин бобро метавон тадқиқоти иқтисодию стратегӣ номид. Муаллиф нишон медиҳад, ки инфрасохтор чӣ гуна барои эҳёи истиқлолият аҳамият дошт. Монография сохтмон ва истифодаи нақбҳо (Анзоб, Шаҳристон) ва роҳҳои байналмилалиро ҳамчун воситаи пайвасти минтақаҳо, дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва мустаҳкамсозии амнияти миллӣ таҳлил мекунад. Ҳамчунин дар ин боб ташаббусҳои зиёди Пешвои миллат дар самти саноатикунонии босуръат ва рушди устувори кишвар тавсиф шудаанд.
Боби 6. «Нурофар». Боби «Нурофар» аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳуқуқӣ яке аз бобҳои беҳтарини китоб аст. Пешвои миллат дар таъмини истиқлоли энергетикӣ нақши асосӣ дошт. Муаллиф нишон медиҳад, ки лоиҳаи Роғун на танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ, балки лоиҳаи миллии рушди устувор аст. Дар ин боб, таҳлилҳои амиқи масоили байналмилалии об (рӯдҳои Ому, Панҷ, Сир) ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳоро дар соҳаи гидроэнергетика метавон дид. Таваҷҷуҳ ба рушди энергияи «сабз» (офтобӣ, шамолӣ) ва ташкили шабакаҳои барқ пайвасткунандаи минтақаҳои дурдасти кишвар навиштаи муаллифро дурахшонтар мекунад.
Боби 7. «Сипаҳсолор». Ин боб мавзуи ҳассос ба таъсиси Артиши миллӣ ва амниятро мефаҳмонад. Муаллиф нишон медиҳад, ки бидуни артиши ягона ва касбӣ, Тоҷикистон наметавонист ҳам гурезагонро бозгардонад ва ҳам мухолифинро ба тарзи сулҳовар муттаҳид кунад. Профессор Қурбонова қайд мекунад, ки Пешвои миллат нақши асосӣ дар ташкили Артиши миллӣ ҳамчун рамзи истиқлол дорад. Боиси таҳсин аст, ки муаллиф инчунин нақши Президентро дар ҳолатҳои фавқулодда (заминларза, обхезӣ, амалиётҳои зиддитеррористӣ) таҳлил мекунад.
Муаллиф дар асар таъкид менамояд, ки “Дар арсаи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат Тоҷикистонро ба як кишвари боэътибор табдил дод, ки дар муколамаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Бо пешниҳоди идеяҳои созанда ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ, у тавонист эътибори Тоҷикистонро баланд бардорад ва барои мардум эҳсоси ифтихори миллӣ эҷод кунад. Ин мавқеи нав ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар роҳи пешрафт бо қадамҳои устувор ҳаракат кунад”.
Феҳристи адабиёти монография ба ду қисмат ҷудо шудааст: санадҳои расмии ҳуқуқӣ ва адабиёти илмӣ (асарҳои докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таърихшиносӣ, фалсафа). Муаллиф ҳамчунин аз панҷоҳ осори Пешвои миллат (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабӣ) ва 10 асари муҳаққиқони хориҷӣ ба таври васеи фаровон истифода бурдааст.
Монографияи мазкур на танҳо таҳлили тозаи сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Пешвои миллат, балки дастури илмӣ-омӯзишӣ барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Ин китоб метавонад ҳамчун китоби дарсӣ ё дастури методӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои «таърих», «сиёсатшиносӣ», «ҳуқуқшиносӣ», «муносибатҳои байналмилалӣ» ва «фалсафа» хизмат кунад.
Ҷанбаи амалии он дар он аст, ки монография модели воқеии мубориза бо парокандагӣ, бунёди давлат дар шароити пас аз ҷанг ва ташкили медалитеции байналмилалӣ ва гирифтани кумакҳои глобалиро пешкаш мекунад.
Тавассути ин асар, муаллиф инчунин ҳадаф дорад, ки насли ҷавони Тоҷикистон бо ифтихор ба таърихи навини худ назар кунанд, аз ҳисси ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва хадамоти зиёии миллӣ дур нашаванд. Ин масоили тарбиявӣ хеле муассир аст.
Дар маҷмуъ, монографияи профессор Қурбонова Ширин Исмоиловна «Пешвои миллат ва 34 соли роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон» асари пурмазмун, ҳуҷҷатнок ва босифати илмӣ мебошад. Монография барои донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо, омӯзгорон, олимон, кормандони давлатӣ, ходимони ҳуқуқшинос ва сиёсатшинос пешбинӣ шудааст. Инчунин, ин асар метавонад барои омӯзиши таърихи давлатдории миллии тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ хеле муфид бошад.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст






