Дар Шаҳринав майдони кишти сабзавот васеъ гардид

Июль 28, 2016 14:35

Шаҳринав, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Айни ҳол дар хоҷагиҳои ноҳияи Шаҳринав ҷамъоварии ғалла, мева ва сабзавот идома дошта, кишти такрорӣ дар арафаи анҷомёбист», — иброз дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода зимни нишасти хабарӣ.
Дар нимсолаи аввал ба хориҷи кишвар беш аз 1 ҳазору 875 тонна пиёз, 70 тонна олу, 12 тонна гелос фиристода шуд. Дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 2 ҳазору 59 тонна картошка истеҳсол карда шуд, ки аз он 1949 тонна ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 2 ҳазору 382 гектар майдони боғу токзор мавҷуд аст, ки аз он 1995 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Боиси хурсандист, ки чанде пеш бо ибтикори соҳибкорон Исроил Назаров ва Абудсаттор Одинаев дар мавзеи Мулло Шодии ҷамоати Акрам Ҳасанов тавассути пойгоҳи обкашӣ дар масоҳати беш аз 20 гектар об бароварда шуд.
Кишоварзони ноҳияи Шаҳринав бо мақсади боз ҳам бештар саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ майдони кишти сабзавотро боз 200 гектари дигар афзун намуданд.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи занбӯрпарварӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав сол то сол ривоҷу равнақ меёбад. Ҳамин сол 62 оилаи занбӯри асал зиёд гардид. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи занбӯри асал 3 ҳазору 274 оиларо ташкил медиҳад.

Июль 28, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад