М. Шерман: «Бо амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам иқтисодиёт ва ҳам мардуми кишвар бо барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза, устувор ва дорои нархи арзон таъмин мегарданд»
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мақсади сафари ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани масъалаҳо ва барномаи имрӯзаи Бонки Ҷаҳонӣ мебошад, ки он ба беҳтар намудани некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамкории мо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз маблағгузорӣ дар соҳаи энергетика инчунин инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст»,- иброз намуд дар назди хабарнигорон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Мариам Шерман баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар пойтахти кишвар баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Мариам Шерман, ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 лоиҳаро ба маблағи 355 млн. доллар амалӣ намуда истодааст.
Ба андешаи ӯ, дастрасӣ ба барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва дорои нархи арзон барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти мардуми кишвар ниҳоят муҳим аст.
«Зимни суҳбат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои мушаххаси ҳамкорӣ эътибори хосса дода шуд, ки дар доираи он масъалаи барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии «Норак»-ро таҳти баррасӣ қарор додем. Айни замон Бонки Ҷаҳонӣ 2 омӯзишро барои барқарорсозии нерӯгоҳи мазкур гузаронида истодааст, ки он пеш аз ҳама ба таъмин намудани бехатарии нерӯгоҳ нигаронида шудааст. Албатта, омӯзишҳои мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки як барномаи сармоягузории ҳамаҷониба барои барқарорсозии чунин нерӯгоҳи барои кишвар муҳим як имконият пешниҳод намояд. Дар натиҷаи он, мо метавонем амнияти нерӯгоҳро таъмин намуда, аз ҷониби дигар сатҳи таҳшиншавӣ ва ифлосшавии обро пешгирӣ намоем»,-илова намуд М. Шерман.
Иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва сохторҳои гидроэнергетикӣ ниҳоят нақши муҳимро мебозад. Албатта, ин бо дарназардошти он ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳон 1,5 млрд. мардум ба барқ дастрасӣ надорад ва аз ҷониби дигар тағйирёбии иқлим торафт таъсири худро бештар гузошта истодааст, ниҳоят муҳим мебошад. Ба андешаи М. Шерман, амалисозии ин лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ҳам иқтисодиёт ва ҳам мардуми кишвар бо барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза, устувор ва дорои нархи арзон таъмин гарданд.








Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд






