Нақши расонаҳои хабарӣ дар инъикоси ҳуқуқҳои инсон

Июль 11, 2016 14:14

Душанбе, 11.06.2016. /АМИТ Ховар/. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар доираи баргузории  давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон», ки имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт, донишҳои худро мукаммал мегардонанд.
Давраи омӯзишии  мазкур бо ибтикори Созмони байналмилалии муҳоҷират  дар доираи  лоиҳаи Агентии рушди байналмилалии  Амрико оид ба шаъну этибор ва ҳуқуқҳо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуда, ҳадафаш боло бурдани  сатҳи фарогирии мавзӯи ҳуқуқҳои инсон, хатарҳои муҳоҷират  ва савдои одамон дар расонаҳои хабарӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии  шаҳрвандон роҷеъ ба масоили зикршуда мебошад.
Дар давраи омӯзишӣ коршиносон ва мутахассисони Созмони байналмилалии муҳоҷират   ба намояндагони  воситаҳои ахбори омма  доир ба вазъи савдои одамон  ва ҳуқуқҳои инсон  дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб,  нақши расонаҳои хабарӣ дар инъикоси ин мавзӯъ, инунин санадҳои миллӣ ва соҳавӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон машғулиятҳои назариявию амалӣ мегузаронанд.

Июль 11, 2016 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад