Озмуни «Беҳтарин маҳсули эҷоди журналистӣ оид ба бемории сил» доир мегардад

Июль 21, 2016 17:39

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои дарёфти беҳтарин маҳсули эҷоди журналистӣ вобаста ба пешгирии бемории сил Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон озмун эълон мекунанд.
Дар озмун ҳангоми нашри мавод бояд масъалаи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа дар хусуси пешгирӣ ва табобати бемории сил ба инобат гирифта шавад. Инчунин мазмуни маводи нашршуда бозгӯйи паст намудани тамғазании (стигмаи) беморони сил бошад.
Ғолибони беҳтарин барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ, маводи чопӣ дар нашрияҳо, дар сомонаҳои интернетӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ба озмун маводи аслӣ ва нусхаи он бо нишондоди санаи нашр, рақам, номи ВАО ва муаллиф пешниҳод карда мешавад. Дар мавод бемории сил равшан инъикос шавад, маълумоти асосӣ дар бораи бемории сил дода шавад. Ба маводҳое, ки дар қолаби жарнҳои таҳлилӣ интишор мешаванд, афзалият дода мешавад. Санаи нашри маводҳо аз 1 январ то 31 августи соли 2016 мебошад.
Ба ҳайати ҳакамон рӯзноманигорон, коршиносон ва дигар мутахассисони соҳавӣ шомиланд.
Маросими туҳфасупорӣ моҳи сентябри соли 2016 баргузор хоҳад шуд.
Маводҳои нашршуда бояд дар лифофаи маҳкам (бо назардошти мактуби расмии идораи ВАО) бо ишораи «Барои беҳтарин маҳсули эҷоди журналистӣ оид ба бемории сил» ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим пешниҳод карда шаванд.
Хохишмандон метавонанд то 2 сентябри соли 2016 ба Маркази миллии ташхис  бо  суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 48  маводҳо пешниҳод намоянд.

Июль 21, 2016 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад