Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро ба истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд
Кӯлоб, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияи Кӯлоб даҳҳо тонна маҳсулоти ширию гӯштӣ ва меваю сабзавот ба фурӯш бароварда мешавад. Мутахассисон бар он назаранд, ки гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва барои саломатии инсон хатарнок мегарданд.
Мутаассифона, дар соли равон чанд ҳодисаи заҳролудшавӣ аз истеъмоли тарбузу харбуза ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст. Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро низ ба истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдо кормандони соҳаҳои масъул сифати маҳсулоти маводи хӯрокаро аз назар мегузаронанд.
Дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад. Кормандони таҳлилгоҳи дохили бозор ҳама намуди маҳсулотро бо асбоби махсус ташхис намуда, сипас, ба фурӯши он иҷозат медиҳанд.
Ба қавли мутахассисон, оғози моҳи август аз сабаби хом чидани тарбузу харбуза ва як қатор мевагиҳо нитрати онҳо зиёд мебошад, ки ба саломатии инсон зарар мерасонад. Аз моҳи август бошад, нитрати ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ дараҷаи муайяни худро мегирад. Ҳамасола то охири моҳи июл назорати сифати маҳсулоти кишоварзӣ пурзӯр карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






