Баррасии масоили мубрами тоҷикони бурунмарзӣ дар зарфи чаҳоряк асри Истиқлолияти ҷумҳурӣ

Август 26, 2016 15:18

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан ҳаёти илмиву фарҳангии тоҷикон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқўъ пайвастанд, ки пиромуни ҳар яки онҳо таваққуф намудан ҳеҷ зарурат надорад. Дар ин гузориш танҳо дар хусуси заҳматҳои доимӣ ва такопӯҳои пайвастаи олими заҳматкаши тоҷик, профессор Мансур Бобохонов дар кашфи таърихи тоҷикони бурунмарзӣ, пажўҳишу тадқиқи масъалаҳои мубрами тоҷикшиносӣ, таълифи як асари пурмўҳтаво пиромуни тоҷикони бурунмарзӣ ва амсоли он маълумот додан ба мақсад мувофиқ аст.

Зикри хайри  номгўи корҳои наҷибу хайрхоҳона ва мададу дастгирии беғаразона ба аҳли илм, хоса муҳаққиқони ҷавон аз ҷониби профессор М. Бобохонов ниҳоят зиёд мебошад. Танҳо ҳаминро таъкид кардан бамаврид аст, ки дар зери роҳбарии бевоситаи ў қариб 20 нафар аспирантону унвонҷўйҳо ва муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, масъалаҳои мубраму халталаби таърихи халқи тоҷик ва таърихи тоҷикони ҷаҳонро ҳаллу фасл намуданд ва дар таърихнигории муосири таърихи Ватан саҳми арзанда гузоштанд.

Устод дар тўли беш аз 16 сол роҳбарии факултети таъ­рихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (солҳои 1966-1982) ба уҳда доштанд, ки давраи роҳбарии устод М. Бобохонов «давраи тиллоӣ»-и факултети таърихи ДМТ маҳсуб мешавад, зеро устод ҳамчун роҳбари оқилу кор­дон ва дурандеш омили асосии пешрафти корро танҳо дар интихоби дуруст ва ҷобаҷогузории кадрҳо медиданд. Кадрҳоро на аз рўи маҳалу минтақа, балки аз рўи қобилияту истеъдод ба кор интихобу тавсия ва таъйин мекарданд. Ба донишҷўёни аълохону фаъол таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, истеъдодҳоро дастгирӣ ва сарпарастӣ мекарданд.

Як ҷанбаи муҳими тадқиқоти олим аз он иборат аст, ки муҳаққиқ аз маҷмўаи васеи маъхазу сарчашмаҳо, хотираву ёддоштҳои шоҳидон, адабиёти таърихӣ ва навгониҳои илми таърихшиносии муосир ва монанди он моҳиронаву эҷодкорона истифода бурдааст. Ин омилро танҳо дар мисоли таълифи «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» дидан душвор нест. Аз мутолиаи ин асар бармеояд, ки таърихнигории масъала ва бандубасти қисматҳои таркибии он ниҳоят пурқувват баромадааст.

Мансур Бобохонов олими ҷўянда ва навовар буда, дорои мактаби хоси илмиву тадқиқотӣ мебошад. Мактаби устод мактаби комилан тавоно ва пуриқтидор аст. Ин мактаб зодаву парвардаи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Хосатан пас аз ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ, дарҳол ин марди дурандешу ояндабин ба як кори бағоят пурхайру пурарзиш машғул шуд. Мавсуф ба коре оғоз кард, ки дар даврони шўравӣ омўзиши ин мавзўъ тамоман ғайриимкон буд. Устод аз истиқлолияти давлатӣ шоду масрур гашта, ғояҳои оламшумули онро дастгирӣ намуда, ба корҳои одилонаву оқилона ва ба манфиати миллату давлати мустақили тоҷикон равонагардида даст мезанад. Ин кори хайр эҷоди фанни нав — «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» ба шумор меравад, ки онро бори нахуст дар таърихи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо академик Мансур Бобохонов ба миён гузошта, ҳамчун мактаби ҷадид ва тавоно рўҳу равони наву тоза бахшидааст. Аксарияти намояндагони аҳли илму адаби ҷумҳурӣ хидматҳои олишону бузурги устодро эътироф карда, аз он шоду мамнун гаштанд. Ба тариқе профессор Ниёз Мирзоев таъкид бар он намудааст, ки: «истиқлолият худшиносии моро афзуда, дар омўзиш ва тарғиби ғояҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мансур Бобохонов бо дарки масъулияти ватандорӣ дар шароити нави таърихӣ масъалаи омўзиши таърихи тоҷикони ҷаҳонро ба миён гузошта, пайгирона дар ин росто талош варзиданд…» (Ниг.: Мирзоев Н. Устоди мумтоз ва инсони нексиришт // Элита. — 2011. — №8. — С. 32).

Албатта, дар ин ҷо муаллифон таҳлилу муқоиса ва муаррифии китоби «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-ро ба уҳда намегиранд. Танҳо ҳаминро қайд кардан басанда аст, ки устод дар зарфи бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста заҳмат кашида, шабҳои бедорхобиро паси cap намудааст. Дар натиҷа, маҳсули ин такопўҳо бор оварданд, муаллиф асари пурарзиши «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, 1999, 2001, 2011) — ро таълиф намуда, ба хонандагони арҷманд ҳавола кардааст. Ин бозёфт, бегуфтугў, маҳсули замони нав ва файзи даврони истиқлол ба шумор меравад.

Имрўз мо гуфта метавонем, ки китоби пурарзиши «Таъ­рихи тоҷикони ҷаҳон»-ро дар даст дорем ва он дастоварди бузург ва беҳамто аст. Вале дар ин росто, яъне таълифи ин асар устод то чӣ андоза мухолифату такопўҳоро паси cap намудааст, мутаассифона, ҳамагон намедонем. Аз ин боис, ба хонандаи имрўз ба ин масъала рўшанӣ андохтан аз аҳамияти амалӣ холӣ нест. Чуноне маълум аст, дар аҳди шўравӣ дар бораи тоҷикони бурунмарзӣ сухан рондан мамнўъ буд, ҳол он ки фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» бо кадом роҳ ва дар куҷо ба миён омада метавонист?! Бесабаб нест, ки муҳаққиқи тоҷик Амиршоҳи Ёрмуҳаммад дар ин хусус қайд кардааст, ки: «дар замони шўравӣ хондани фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» аз ҳар ҷиҳат мамнўъ буд, зеро ҳукумати шўравӣ дар симои тоҷикони бурунмарзӣ душмани ашаддии худро медид. Мавзўи мазкур дар марҳилаи шўравӣ на ҳамчун илм, балки сиёсат дониста мешуд». Бар замми он,  душвории навбатӣ он ба ҳисоб мерафт, ки доир ба ин фан на дар бойгониҳо, на дар китобхонаҳо ва монанди он санаду маводи даркорӣ пайдо кардан ғайриимкон буд. Ба ғайр аз он, дар ин ҷода душвориҳои дигар низ мавҷуд буданд, ки дар хусуси ҳамаи онҳо маълумот додан шарт нест. Вале про­фессор М. Бобохонов аз ин душвориҳову мушкилиҳо ва ноумедиҳо наҳаросида, дар тадқиқу пажўҳиши ин мавзўъ бо ҷасорати хосса, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ шуғл варзид. Муаллиф дар ибтидо барномаи таълимии фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (1994)-ро мураттаб сохта, сониян, китоби хонданбобу пурмўҳтавои «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, 1999, 2001, 2011)-ро ба майдон овард, ки месазад дар ин бора иттилои комил баён гардад.

Профессор Мансур Бобохонов зарурат ва аҳамияти илмиву амалии таърихи тоҷикони бурунмарзиро воқеъбинона дарку эҳсос намуда, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон баҳри дастёбӣ ва расидан ба ваҳдат ва худшиносии миллӣ дар ҷомиаи имрўзии тоҷикон ба душворӣ ва мураккабии таҳқиқу пажўҳиши он нигоҳ накарда, як асари мукаммал ва дастҷамъона таълиф намуд. Ба тариқе профессор Ҳомид Аҳмадов қайд кардааст: «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» китоби ниҳоят хонданбоб ва рўимизии ҳар як тоҷику тоҷикпараст ба шумор меравад…». Ба андешаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Кўлоб, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Қаюм Сангов «…бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин асар дар оянда яке аз китобҳои дўстдошта ва рўимизии ҳар як хонандаи соҳибзавқи тоҷик, махсусан ҷавонон хоҳад гашт». Бесабаб нест, ки ин асар аз ҷониби хонандагони сершумори дохилӣ ва хориҷии кишвар чун дастоварди ҷиддии илмӣ ва фарҳангӣ пазируфта шуда, ҳамчун китоби расмии таълимӣ дар факултаҳои таърих, фалсафа ва шуъбаҳои он, инчунин равияҳои гуманитарии макотиби олӣ қабул ва ҷорӣ гардид. Масалан, ховаршиноси номдори олмонӣ Манфред Лоренс, хушнудона чунин иброз медорад, ки «ба наздикӣ дар бораи навгониҳои корҳои ҳозираи ў, ба тадқиқу омўзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон ҷиддан машғул аст, хабардор шудам ва сидқан аз ин кор хушнуд гаштам. Дар ҳақиқат ҳам, ду ҷилди «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, 1999, 2001) рафҳои китобхонаи маро зиннату ороиш медиҳанд».

Аҳли илму адаб Мансур Бобохоновро ҳамчун муаррихи барҷаста ва соҳибтаҷриба эътироф кардаанд. Мавсуф аз зумраи муҳаққиқонест, ки ба омўзиши ин ё он масъала маҳдуд нашуда, ҳамеша дар талошу ҷустуҷў аст, осори илмиву эҷодии хешро бо обуранги дилкаш сайқал медиҳад. Ба қавли профессор Ҳ. Пирумшоев, «воқеан ҳам ин марди пурҳунарро ҳунари нигорандагиашон ниҳоят баланд аст. Мавзўъ ва масъалаҳое, ки эшон даст мезананд, наву тоза, муҳим ва дардхўрди замон аст…».

Самтҳои асосии фаъолияти илмиву тадқиқотии олим ба баррасӣ ва омўзиши таърихи тоинқилобии халқи тоҷик ва умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ дар садаи нуздаҳ ва ибтидои қарни бист, таърихи тоҷикони ҷаҳон ва чандин масоили даврони шўравӣ равона шудаанд. Вале бо вуҷуди он, дар тадқиқоти даврони истиқлолият ва осо­ри рангини олими фарохназар ва муҳаққиқи борикбин навгониҳо ва комёбиҳо хеле зиёданд, ки онҳоро ин ҷо баён кардан амри маҳол аст.

Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси осори тоҷикшиносии профессор Ман­сур Бобохонов изҳори ақида намуда, чунин ҳақиқатро иброз медорад: «Масъалаи муҳоҷирати тоҷикон ва тарки Ватан кардани онҳо, ба назари ман, яке аз масъалаҳои муҳимест, ки илми таърихшиносии муосир бояд ба он рў оварад. Чанде пеш мақолаи муаррихи намоёни тоҷик Мансур Бобохоновро (манзур мақолаи «Фирори тоҷикон, сабабҳо ва оқибати он» //Минбари халқ. — 1996. — №1) хон­да будам, ки масъалаи муҳоҷират ва тарки Ватан кардани точиконро ба чанд давраҳо тақсим карда, оғози онро аз овони истилои араб гирифтааст» (Ниг.: Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар ойинаи таърих. — Китоби якум: Аз Ориён то Сомониён. — Лондон. 1999. — С. 9).

Соли 1999 нашриёти «Маориф»-и ҷумҳурӣ китоби профессор Мансур Бобохоновро таҳти унвони «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» аз чоп баровард, ки он, пеш аз ҳама, барои донишҷўёни факултаи таърихи ДМТ ва дигар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар асоси маводи мавҷуда китоб ҳаёти тоҷикони 11 мамлакати ҷаҳон — Узбекистону Қирғизистон, Туркманистону Қазоқистон, Русияю Афғонистан, Эрону Ҳиндустон, Покистону Чин ва Исроилро ба таври нисбатан васеъ инъикос намудааст. «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» аввалин китобе мебошад, ки дар асоси сохтори муайяни илмиву амалӣ гирд омада, ҳангоми таълиф нигоранда аз адабиёти илмиву адабӣ ва тадқиқотӣ, матбуоти даврӣ, ахбори садову симои тоҷик, ҳуҷҷатҳои ҷамъияти «Пайванд», суҳбатҳо бо кормандони он ва ашхоси хориҷи кишвар ва инчунин ёддошту хотираҳои ашхоси мухталиф навишта шудааст. Дар китоб, мутаассифона, таърихи тоҷикони на ҳамаи мамлакатҳо яксон бапуррагӣ инъикос ёфтааст. Илова бар ин, ҳоло мамлакатҳое ҳастанд, ки тоҷикони сокини онҳо на танҳо баррасӣ нашудаанд, балки дар бораи онҳо ишора ҳам нарафтааст. Чеҳраҳои намоёни тоҷикони хориҷи кишвар аз сабаби набудани маводи зарурӣ дар канор мондаанд. Дар соли 2002 ба ифтихори Анҷумани 5-уми тоҷикони ҷаҳон китоби мазкур аз нав бо ихтисорот интишор гардид. Муаллиф дар оянда ин асарро таҳрир намуда, бо тасҳеҳу иловаҳо ва ҷалб намудани маводи наву тоза баҳри нашр намудан кўшиши зиёде ба харҷ додааст. Кунун нашри нави «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, 2011, дар ҳаҷми 540 саҳ.) чоп шуда, ба доираи васеи ҳаводорони он дастрас гардидааст. Ин асар маҳсули заҳмати бистсолаи муаллиф мебошад. Асар аз нашр то нашри нав ҳамаҷониба бо тасҳеҳу иловаҳо пурра гардида, дар бораи тоҷикон ва форсизабонони беш аз 33 давлати ҷаҳони муосир (40-50 миллион нафар) маълумоти муфиду нав ва хонданбоб медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам, нашри нави ин асар армуғони муфид ба ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Маҳз солҳои охир самтҳои пажўҳиши таъриху фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ амалан тавсиа ва густариш ёфтанд. Соли 2006 бо мақсади васею фарох ва густурдатар тадқиқу баррасӣ намудани  самтҳои таъриху фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ бо ташаббуси бевоситаи Мансур Бобохонов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмиву тадқиқотии тоҷикон ва форсизабонон таъсис дода шуд, ки кормандони он ба тадқиқу омўзиши масъалаҳои тадқиқталабу мубрами таърихи тоҷикони ҷаҳон, дирўзу имрўз ва фардои он машғул аст. То имрўз марказ чандин конфронси ҷумҳуриявию байналмилалӣ доир намуда, дар он ширкати олимони номдору маъруфи ватаниву хориҷиро таъмин сохтааст. Моҳи сен­тябри соли 2011 ин марказ конфронси байналмилалӣ корбаст карда, масоили мубрами тоҷикшиносӣ, хусусан муҳоҷирати тоҷикон, марҳилаҳо, душвориҳо ва пешомадҳои онро мавриди муҳокимаи васеъ қарор дод, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Аз ин имконияти мувофиқ истифода бурда, чанд таклифу пешниҳодҳои худро нисбат ба таърихи тоҷикони ҷаҳон баён кардан мехоҳем, ки онҳо ба манфиати пешрафти таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони баландихтисос равона гардидаанд:

  1. Имрўз вақти он расидааст, ки таълими фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба роҳ монда шавад. Ин иқдом нишонаи асосии соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба назар чунин чунин мерасад, ки дар тўли бисту панҷ сол ин фан ба майдон омада, ташаккул ва такомул ёфта, ба фанни мустақили таълимӣ мубаддал гардидааст.
  2. Азбаски доираи тадқиқу пажўҳиши ин масъалаи муҳиму мубрам ниҳоят фароху доманадор аст, бо назардошти он, ки теъдоди тоҷикон ва форсизабонон дар ҷаҳон беш аз 50 миллион нафарро ташкил медиҳаду онҳо дар зиёда аз 30 мамолику кишварҳои олам сукунат доранд, дар ҷумҳурӣ, хусусан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи нави «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» таъсис дода шавад. Умед дорем, ки ин чорабинӣ ба пешрафту такомул ва фароху доманадор гардидани тадқиқу пажўҳиши таърихи тоҷикони бурунмарзӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Зикриё Акрамӣ,

директори Пажўҳишгоҳи  таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ,

доктори илми таърих, профессор

Юсуфи Шодипур,

номзади илми таърих, дотсенти ДМТ,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2016 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд