Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: Мулло кист, мутаассиб ё донишманд?

Август 30, 2016 15:42

Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ “Ховар”/. Дар замонҳои шӯравӣ, 30-40 сол пеш, вожаи мулло-ро мардум бо эҳтиром ба забон меоварданд ва ҳар нафаре, ки ба ин ном мухотаб мешуд, иззату эҳтиром ва обрӯе дошт. Ҳарчанд дар оғози фаъолияти кишвари шӯроҳо аҳли дин ва муллоён таъқиб ҳам шуданд. Мардум то ба ҳамин қарибӣ ва баъзан ҳоло ҳам ба одаме, ки донишманду  устод аст,  мулло  ё домулло гӯён муроҷиат мекунанд, ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ. Аммо имрӯз ин вожа эътибору  нуфузи пешинаро то ҷойе аз даст додааст. Чаро? Ин суолест, ки моро ба сари андеша меорад. Ҳарчанд аксари мо сабабҳои инро хуб медонем.

Биёед, аввал бубинем, ки ин вожа чӣ маъно дорад. Дар Фарҳанги  забони тоҷикӣ чунин омадааст:

  1. Мулло-олими мадраса, олими дин ва шариат.2.пурдон, бисёрдон.

Дар луғати устод Айнӣ ҳам мулло ба маънии пурдон, бисёрдон ва олими дину шариат омада, вожаи домулло омӯзгори мактаби кӯҳна маънидод шудааст.

Дар Фарҳанги забони форсӣ низ мулло аввалан ба маънии дарсхонда, босавод ва баъдан ба маънии охунду рӯҳонист.

2015?

2015?

Аммо дар ҷомеаи тоҷикии мо, хусусан дар байни мардуми авом, мулло гӯён аксар шахсони рӯҳониро мефаҳманд ва ин боис гардида, ки  ҳар нафаре, ки ин вожаро чун ниқоб ба рӯ кашида, аъмоли ношоистаи худро ба роҳ мондааст, пеш аз ҳама дини мубини исломро бадном кардааст, ҳарчанд ҳеҷ алоқамандие ба он надорад, балки, баръакс, душмани ислом аст, зеро ҳама аъмолаш хилофи шариат ва одоби он буда, дар баъзе маврид ба муқобили он равона гардидааст.

Бедили бузург беҳуда нагуфта:

Нахонда маънии таҳқиқ аз саҳифаи дил,

Ба гуфтугӯи касон хешро махон мулло.

Аммо, биёед, багардем ба сари масъалае, ки чаро имрӯз ин вожа боиси гуфтугузори мухталиф  гардида, нуфузи пешинаро надорад.

Миллати куҳансиришту некбунёди мо, вақте ки  баъд аз садсолаҳои дар зери тасарруфи  бегонагон будан, баъд аз ҷабрҳои таъриху бохтҳои зиёд, азобу шиканҷаҳои тулонӣ оқибат ба озодӣ, ба истиқлолият шарафёб шуд, табиист, ки дар баробари ифтихороту сарфарозиҳо дар пешорӯи ӯ гаронтарину масъулиятноктарин роҳ- роҳи эҳёи дубора, роҳи худшиносии миллӣ, роҳи дарёфти ҷодаҳои солиму созандаи ҳастии худ, маънавиёти худ пеш омад. Наметавон танҳо бо соҳиби истиқлолият шудану  расидан ба озодӣ ба ҳама орзуву ормонҳо даст ёфт. Барои бунёди зиндагии ободу осудаву солим, барои бунёди устувори ҳастии худ, мавқеи қавӣ дар олами имрӯз  даҳчанд бештар аз пешин муборизаву заҳмату кӯшишу ҷоннисориҳо мебояд кард. Хусусан дар ҷаҳони бисёр мураккаб, тезу тунд, пурмоҷаро ва пурхатари имрӯза, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат аз хатару гирифториҳо эмин нестанд.

Ин аст, ки дар ин сарзамини куҳанбунёди ин халқи некманишу хирадпеша  аз нахустин  рӯзҳои расидан ба истиқлолият  тифли навзоди озодӣ мавриди ҳамлаи душманон қарор гирифт. Душманонаш мехостанд ӯро бо дасти худаш нафасгир созанд. Танҳо  сарҷамъӣ ва сулҳе, ки маҳсули хиради миллати некуманиш  буд, ин сарзаминро аз маҳв шудан наҷот дод. Халқи заҳматкаши тоҷик баъд аз комёб шудан ба сулҳу ягонагӣ  тадриҷан таҳкурсии адолату истиқлолияташро бунёд гузошт.

Ба истиқлолияти мо на танҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, бархурди неруҳо, муборизаҳо барои ҷаҳонгирӣ, терроризму экстремизм таҳдид мекунанд. Душмане, ки мо дар дохил дорем, хатарноктар аз  душмани бешафқати беруна  аст. Зеро бо мост, зеро дар мост, зеро  бештар дастраси ӯ ҳастему ӯ  метавонад моро ба пуррагӣ тасхир кунад. Ин душман кист, ҳайронед шумо? Кист, ки дар мосту бо мост? Ин душман сатҳи пасти маънавӣ, бефарҳангӣ, бесаводӣ, бемасъулиятӣ ва хусусан тарсуии иддае аз мост, ки  таассуб ва  хурофотро ба вуҷуд овардааст. Содагӣ, хушбоварӣ ва гӯлии баъзе табақаҳои мардуми мо, ки заминааш қафомондагии фарҳангист,  ба он мусоидат кардаанд ва аксари мардумро аз андешаи устувор, рӯҳбаландӣ, ҷасорати инсонӣ, бовару эътиқоду эътимод, пеш аз ҳама ба худ ва нерӯи худ, дур кардаанд.

Дар хусуси он, ки хурофот, таассуб, гаравишҳои беақлона ба мардуми мо то куҷо зиён расондаанд, борҳову борҳо гуфтаем ва беҳуда нест, ки қисми зиёди мардуми бафазилату бафарҳангамон зиёни хурофотро дарк кардаанд ва худро аз гирифторӣ ба доми фиребу макру найранг дур кашидаанд. Аммо, мутаасифона, дар байни халқи мо имрӯз ҳам теъдоди онҳое, ки бо чвшми бино аз паси кӯрони роҳгумкарда мераванд  ва мардуми соддаро ба сӯи вартаҳои фалокат мекашанд, кам нестанд.

Агар иддае аз мо  аз бесаводиву бефарҳангии  худ гумроҳ набошанд, чаро як қаллоб, яъне як маккору фиребгари бесаводу бесалоҳият, ки худро мулло тарошидаву дӯкони макру тазвирро боз мекунад ва дар паси ин дӯконе, ки ҷуз заҳри найранг намефурӯшад, қатор-қатор гумроҳон бо ихлоси баланд дар навбат меистанд? Имону ихлос, имрӯзу ояндаи худро ин қадар бе андеша, ин қадар арзон  худашон  ба дасти ин қассобони ҷонашон месупоранд? Ва чун фош мешавад, ки ин мулло фиребгар аст, савод  ва ҳеҷ каромоте надорад , боз ҳам бо шубҳа ба ҳақиқат менигаранд ва ин муллои фиребгарро ҷонибгирӣ мекунанд, ки гӯё  ӯ мулло “зӯр” буду бахилон нахостанд, ки  фаъолият кунад. Пасмондаи оби дастурӯшустаи муллоро бо ихлос нӯшидани муридони ӯ дар кадом одобу фазилату гигиена мегунҷад? Эй вой бар ин пастиву гӯливу бефаросатии мо!  Дар дунё кам қавму миллате мондааст, ки чунин  сахт ва кӯр-кӯрона гирифтори таассубу хурофот  бошад.  Миллатҳои саҳроие, ки асрҳое баъд аз мо соҳиби саводу фарҳанг шуданд, имрӯз гирифтори  ин мараз нестанд, яъне аз мо хеле пеш рафтаанд. Аммо мо ҳанӯз ҳам дар ин лой ғӯтидаем. Вой бар ҳоли мо! Мо, ки ин қадар бузургонамон насиҳатномаҳо навиштаанду ҳанӯз аз асрҳои миёна хурофоту таассубро мазаммат кардаанд. Мо, ки нобиғагони илму адаб, бузургтарин файласуфону табибони оламшумулро дар ин сарзамин парвардаем.  Метавон мисолҳои фаровони аз бузургони илму адаби гузаштаамон овард, ки таассуб ва хурофоту ҷаҳолатро сахт маҳкум кардаанд. Бузургоне, ки аксар худ пешвои дину тариқат будаанд. Масалан, Ҳофизи бузургвор гуфтааст:

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,

Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.

Сӯфӣ шахси диндор, пайрави тариқати тасаввуф аст. Яъне дар замони Ҳофиз ва дар ҳама замонҳои дигар ҳам мардуми макрпеша аз эҳтироме, ки халқ ба сӯфиву мулло доштааст,барои ғаразҳои шахсии худ истифода мебурдаанд.

Ё шайх Саъдӣ байте дорад чунин:

Зоҳид, ки дирам гирифту динор,

Зоҳидтар аз ӯ касе ба даст ор.

Яъне зоҳид, ки шахси диндору парҳезгор аст, агар аз пайи нафс рафта бошад, ӯ дигар зоҳид нест. Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки бузургони мо ҳамеша бо авомфиребоне, ки худро аҳли дину тариқат эълон намуда, дар паси ин парда хилофи расолати динии худ амал мекардаанд, мубориза бурда, дини мубини исломро ҳимоят мекардаанд. Аммо бозмегардем ба имрӯз.

МасчидБесалоҳиятӣ, бемасъулиятӣ, беназоратӣ дар олами дин то ҷойе расидааст, ки, бадбахтона, ба сафи муллоҳои эҳтромманду  бофазилати мо вайронкорон, душманони дину шариату Худо  низ роҳ ёфтанд. Он Имом- хатиби масҷид, ки даст ба фосиқӣ зад ва наворҳои фосиқии ӯ дар байни мардум паҳн гардид, оне,ки баъд аз алоқаи бешармонаи ҷинсӣ бо зани номаҳрам дасти  ношуста нон мехӯрд ва боз ба ҷимоъи худ идома медод ва корҳое мекард, ки дар филмҳои фаҳшои хориҷа намебинед ва аз ҳама нафратангез  он аст, ки ӯ баъд аз ин фосиқӣ ба масҷид мерафту дар намози ҷомеа пешгузар мешуд ва ҳама аз паси ӯ  саҷдаву ниёиш ба Худо мекарданд.

Муллои номдори як ноҳияи дигарро ҳам сабти видеоӣ карда буданд, ки дар як маврид, яъне ба якбора  бо чандин нафар хонумон дар як хона бешармона машғули алоқаи ҷинсӣ буд ва инро бахшидани шифо ва каромоти худ маънидод мекард. Ва он пири солхӯрдаи шайтонсирате, ки аслан ҳатто ҳарфҳоро намешиносаду хонда наметавонад, дар паси дараш мардум  қатор омадаву қабулашро интизоранд  ва ҳадафи ӯ аслан бо роҳи фиреб пул кор кардану хонумҳоро ба оғӯш кашидан аст, чӣ зуҳуротест? Ва чандин муллоҳои дигаре, ки фисқу фуҷуру макру фиребашон фош гардид, гувоҳи чиянду аз чӣ дарак медиҳанд?

Бешубҳа, ин рафтору ин кирдор, ки аз доираи одоби дину шариат берун аст, айби дин нест ва муттаалиқ ба шахсонест, ки онро содир кардаанд, онҳо бояд дар доираи қонун ҷазо бинанд. Аммо сухан дар сари он аст, ки вақте як мулло ё рӯҳонӣ чунин гуноҳе мекунад, беш аз ҳама ӯро чун як мулло ва рӯҳонӣ маҳкум мекунанд, на чун шахси муқаррарӣ.

Чаро аҳли дини мо ин ҳамаро бо таҳаммулу сари хам пушти сар карданд?  Чаро як силсила чораҳои фаврӣ барои тоза кардани сафи муллоҳои авомфиреб ва имом-хатибони шайтонсират андешида нашуд, ки ҷомеа асли ҳақиқатро  бифаҳмаду муллои покниҳодро аз қаллоб тафриқа гузорад?!

Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарии кишвари ҳамсояву ҳамзабонамон Афғонистон хабарҳое паҳн шуданд, ки наметавонанд моро ба изтироб наоранд. Зеро, чунон ки мегӯянд: мева аз меваву ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегиранд. Чун мо ҳам ҳамсояву ҳам ҳамзабону  ҳамдину хешу табор ҳастем, бояд аз ҳар падидаи номатлуби ҳамсоягон панде барои  худ бигирем. Инак, чанд зуҳуроти нанговаре, ки ба гуфтан забон намегардад, аммо гуфтани онҳо ҳушдорест, зеро падидаҳое шабеҳи ин чанд сол пеш дар кишвари мо ҳам рух дода буданд ва Худо накунад, ки такрор шаванд.

Хабари мазкур, ки айнан оварда мешавад, таҳти унвони “Мулло фаришта нест” интишор ёфтааст: “Радиое хабар дода, ки дар Ҷузҷон яке аз муллоҳо бар духтари чаҳордаҳсолаи худ таҷовуз карда… Бисёре такон хурданд, ки чӣ гуна як рӯҳонӣ ва олими дин даст ба чунин  ҷинояте задааст?”

Дар  хабарнигории дигар омадааст: ”Полиси Ҳирот аз боздошти як мулло – имоми масҷид ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ болои духтари ҷавонаш хабар медиҳад…”.

Илова бар ин. Танҳо дар ҷараёни соли ҷорӣ 24 мавриди қатли бонувон дар дафтари қайди Коммисиюни ҳуқуқи башари Форёб  ба сабт гирифта шудааст. Чунин ахбор дар шабакаҳои иттилоотӣ пайваста дарҷ мешавад. Аз ҷониби як гурӯҳ ҷоҳилони мутаассиб бераҳмона кушта шудани Фархунда-духтараки афғонӣ ҳанӯз дар ёди мост.

Гумон мекунам, бамаврид аст, ки андешаҳову таҳлили худи афғонҳоро доир ба  ҳодисаи таҷовузи ноблиғон аз ҷониби падарашон  биёварем. Баъд аз ироаи хабари аввал хабарнигори афғонӣ менависад: “…Гӯё агар касе ҳафт рӯҳонӣ ёфт ё ба ҷойи касби иттилоот дар заминаҳои дигар зеҳни худро аз иттилооти динӣ анбошт, он ҳафту он иттилоот ба наҳве утомотик (автомати)  ӯро фарде парҳезгор  ва ахлоқӣ месозанд. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ миқдор шоҳид аз дастдарозии ин гуна рӯҳониён ба ҷону мол ва номуси дигарон низ наметавонад мардуми Афғонистонро мутақоид кунад, ки як рӯҳонӣ ё мулло сарфан ба хотири тааллуқи худ ба синфи рӯҳониён  табдил ба фаришта намешавад ва дар  баробари  майли тахтӣ аз қонун ё завобити ахлоқӣ масуният намеёбад(амон намеёбад).  Вокуниши бисёре аз мо дар баробари ин хабарҳо маъмулан ин аст, ки ба ҷойи тасҳеҳи талаққиёти наозмудаи худ дар мавриди рӯҳониён мавориде аз қабили таҷовуз бар кӯдаки ҷузҷониро мавориди комилан хориҷ аз чорчӯби ҳаёти рӯҳониён баррасӣ кунем ва ин гуна маворидро аз ҷумлаи оризаҳои шайтонии комилан истисноӣ дар системе аз порсоӣ ва парҳезгорӣ бишносем. Аммо воқеият он аст, ки ин рухдодҳои шармовар дар миёни рӯҳониён ба ҳеҷ умуре ғайриодӣ ва истисноӣ нестанд. Ба ин маъно, ки  фурконси вуқӯашон дар ҳадде ҳаст, ки тасаввуротамон дар бораи гуноҳнопазириву хатопарҳезии рӯҳониёнро дубора арзёбӣ кунем ва аз ин хаёли хуш, ки тақвои онон тазминкунандаи дурусткоришон ҳаст, даст бардорем.”

Чунин мисолҳову далелҳоро, ки дар боло овардем, дар мисоли Тоҷикистон ҳам метавон овард. Ҳамин таассубу хурофот ва ҷаҳолату қафомондагист, ки ба хушунати хонаводагӣ ва дигар фоҷиаҳо низ меоранд. Ва ҳосили инҳост, ки теъдоди зиёди занону духтарон даст ба худкушиву худсӯзӣ мезананд.

Аммо ҳамзамон бо ин шайтонҳо дар ниқоби муллоҳову имом-хатибон фаъолияти худро идома медиҳанд, ҳукмҳои беадолатонаашонро бар сари ҷомеа бор мекунанд. Дар ноҳияе бо ҳукми муллои мутаассиби деҳа иҷозат надоданд, ки ҷасади модаре, ки чандин фарзандро зодаву ба воя расонидааст , танҳо ба баҳонаи он ки ӯ аз миллати аврупоист, яъне кофир аст, ба қабристни деҳа  роҳ дода шавад. Ҳол он ки ин зан, ки шавҳари раҳматияш ӯро баъд аз Ҷанги Бузурги ватанӣ бо худ овардаву бо никоҳи мусулмонӣ бо ӯ издивоҷ карда буд, як умр тамоми суннатҳои исломиро риоя намуда, бо садоқат зиндагии ҳалолу заҳматиро пушти сар кард, яъне комилан мусулмон шуда буд. Аз ҳама даҳшатовар ин аст, ки касе натавонист ҳукми разилонаи  муллои бесаводи (муллои босавод ҳаргиз ин корро намекунад)  ҷаҳолатпешаро бигирад. Ва ҳама аз тарс ( аз тарси чӣ?) сархаму лабфурӯбаста буданд. Ана ҳамин тарси беасос, тарси мутаассибона, ки бунёдаш бефарҳангист, иддае аз моро садсолаҳо ба қафо партофтааст, хиради зотии моро помол кардааст! Оё мо то куҷо пастфитратем, ки чунин муллоҳо раҳнамои моянд ва мо бо ҳукми онҳо зиндагӣ мекунем? Мардум маҷбур буданд он зан- модарро дар мазори деҳаи ҳамсоя гӯронанд ва шукри Худо, ки муллои он деҳа баинсофтар будааст. Вой бар мусулмонии мо, агар мо дар ҳукми чунин  ҷаҳолатпешагони иртиҷоӣ мондаем!

Ҷомеаи мо имрӯз беш аз ҳарвақта ба муллои солимфикру беғараз, яъне ба инсони доно, бафазилат, раҳнамо, баимонорандаи мардум эҳтиёҷ дорад. На он муллои бесаводу чаласавод, зоҳирпарасте, ки нишонаи фазилатро дар риш ва саллаи бузург, дар парастиши зоҳирии анъанаҳои кӯҳнаву фарсудае мебинад, ки инсоният кайҳо аз он рӯ гардонидаасту имрӯз нозарур аст ва ба манфиати миллии мо нест ва моро ба қафо мекашаду аз тараққиёт боз медорад. Зеро аксари мардуми мо чун анъана ва бо тақозои таомулу анъана боз  рӯ меоранд  ба хонаи Худо ва ба намоянагони дину шариат. Хеле лозим аст, ки дар масҷидҳои мо хатибони мо озодандешу равшанфикру босавод бошанд, шариатро бо сиёсат наомезанд, зеро ҳар кас бояд кори худро кунад, зеро аз ин омезишҳо, мо дидем, ки чӣ ба бор омад. Мансаби баландтарин барои  диндорони мо бояд эҳтирому бовари халқ бошад.

Албатта, ҳадафи миллӣ ҳам барои сиёсатмадор ва ҳам барои аҳли дин бояд як бошад: озодӣ ва истиқлолияти ватан, некӯаҳволии халқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи шарафу номуси миллӣ. Воқеан муллоҳои муҳтарами мо метавонанд саҳми боризи худро дар фароҳам овардани ахлоқи ҳамидаи ҷомеа, покиву поктинатӣ, ваҳдату сулҳу якдилии халқамон бигузоранд ва муллоҳои асилу ватандӯсте, ки чунин амалиётро пешаи худ кардаанд, дар ҷомеаи мо кам нестанд. Аммо он муллоҳое, ки на аз рӯи одобу анъанаҳои милли халқамон, балки аз рӯйи дастурҳои мақсадашон ғаразноки беруна амал мекунанд, шояд худ намефаҳманд, ки на баманфиати халқу миллату дини мубини худ амал мекунанд, ё мефаҳманду нафси бад ё ҳирси ҷоҳу мансабу давлат онҳоро раҳнамост.

Мехоҳам, ҷомеаи мо бозояд бар сари он андеша, ки бояд поктарину босалоҳияттарин инсонҳо муллову  имом- хатиб ва  раҳнамои ҷомеа  бошанд. Мехоҳам, ки ҷавонон дар дил имон ва ба Худову дини мубини ислом эътиқоду бовар дошта бошанд, аммо  бо корҳои созанда, бунёдкорӣ, бо омӯзишу пажӯҳиши илму дониш, бо заҳмати ҳалол дар пеши Худованду халқ  қиммату арҷ ёбанд, на бо гаравишҳои кӯркӯрона ба таассубу хурофоту ҷараёнҳои экстремистӣ. Масҷидҳои мо нишемангаҳи пирони иззатманду барҷомондаи мо бояд бошанд, чунон ки аз қадим буданд. Ҷойи ҷавонон ва мардони солиму коршоям майдонҳои бунёдкорӣ, заминҳои кишту кор, арсаи илму маорифу фарҳанг, ҷодаҳои саховату накӯкорӣ бошад.  Пайғамбари бузургворамон дар ҳадисҳояшон гуфтаанд: як соати қироат баробари ҳафтод соли ибодат  ва бардоштани дили ятиме ва расонидани дасти кӯмаку шафқат ба гирифторон аз фазилату наҷобатҳои мусалмонист, ки волотар аз худнамоиҳои зоҳирист.

Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки  танҳо миллате метавонад муваффақ шавад, ки сатҳи худшиносиву маънавиёти кулли мардумаш баланд буда, ҳар нафари сокинаш барои ҳимояи манфиатҳои миллату ватанаш омода бошад ва манфиати як нафар манфиати ҳамагон гардад.

Гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ, экстремистӣ, террористӣ, ки падидаҳои солим нестанд, низ бо таъсири тарғиботчиёни бадниятест, ки барномаҳои  ким кадом нерӯҳои ҷоҳталабро амалӣ мекунанд. Онҳо низ номи  дини мубини исломро парчами худ сохтаанд, аммо амалу фаъолияташон кишварҳои исломиро хароб намуда, ҳазорон ҳазор мусулмони бегуноҳро бе хонаву дар, ғарибу беватан кард, ҳазорҳои дигарро ба коми марг андохт. Ҷавонони гумроҳи мо гирифтори тарғиботи дуруӯғин гардида, бо номи ислом  дар роҳи маҳви ислом ҷоннисорӣ мекунанд. Ҳодисоти солҳои охир бори дигар собит мекунанд: ислом танҳо бо роҳи фазилат, илму ҳунар, инсондӯстиву некӯкорӣ ва хиради зотии худ метавонад оламро тасхир кунад. На бо роҳи куштору харобӣ, ки ба ҷуз фоҷиаву вайронӣ чизе ба бор нахоҳад овард.

Аммо имрӯз мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна дини мубини исломро  ба зиёни он таҳриф ва бадном мекунанд. Киянд онҳое, ки дар ниқобҳои гуногун, хусусан, “мулло”-ву “домулло”-ву “шайх”-у “табиби халқи”-ву “фолбин”-у “ғайббин” ва ғайра  миллати моро ба қафо мекашанд ва чаро баъзеҳо гирифтори онҳоянд? Чаро мо полезу гулгашту чаманистонҳои маънавиётамонро аз ин хорҳо покиза намекунем ва чӣ бояд кард, ки аз ин ҷаҳолат  миллатамонро наҷот бидиҳем?! Ин саволҳо имрӯз бояд саволи рӯз бошанд. Ин саволҳоест, ки бояд имрӯз дар назди масъулин гузорем. Ва пеш аз ҳама худи муллоҳо ва уламои мӯҳтарами кишвар бояд ташаббус зоҳир кунанд, то гарде ба домани шариат, эътиқоду бовари мо нарасад, то шаъни дини мубини ислом заррае накоҳад, то ки ҷомеаи  баинсофу банангу ору баимон дошта бошем, ки ин тақозои фарҳанг, илму адаб ва фазилати гузашагони мост. Аммо, бешубҳа, дар ин саф мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, олимону ҷомеашиносон, кулли ташкилотҳои ҷамъитӣ ва хусусан ташкилотҳои эҷодиву фарҳангӣ, созмонҳои ҷавонони кишвар ва адибону журналистони ватан бояд иштироки фаъол дошта бошанд. Бояд барномаи ҳадафноки ҳамаро фарогиранда таҳия сохт ва аз рӯи  он амал кард.  Вагарна боз ҳам дар як ҷо қадам хоҳем зад ва ба ҷойе нахоҳем расид. Хеле мехоҳам, ки баъд аз як муддати кӯтоҳ Шӯрои уламои кишвар чунин барнома, Барномаи маҳви таассубу хурофот дар кишвар ва интихоби ҳайати арзандаву садоқатманди масъулини динро таҳияву амалӣ созанд.

Он чи гуфта шуд, на ба мазаммати диндорони муҳтарами кишвар, балки ба ҳимояву ҷонибдории онҳост ва мусаллам аст, ки агар имрӯз мо пеши роҳи тахрибкориву коҳишҳои эътибори дини мубини исломро нагирем, фардо он бунёдҳои қавии фарҳанги исломии худро, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондаву ба ин покизагӣ( албатта ба истиснои зуҳуроти номатлуби мисоловардашуда) то мо расидааст, метарсам, ба харобӣ ва беэътиборӣ рӯ меорад, чунон  ки дар баъзе кишварҳо намунаашро дида истодаем.

Тоҷикистон мамлакати озоди ҳуқуқбунёд,  дунявӣ, демократӣ ва ягона буда, дар он барои рушду нумуи ҳама қишрҳои аҳолӣ, ҳамаи миллатҳо дар доираи риояи Сарқонун имконият дода шудааст. Дар кишвари мо дини мубини ислом ва дигар динҳо озодона амал мекунанд ва аҳли дин дар масҷидҳои ободу тозаву барҳаво дар тамоми гӯшаҳои кишвар  машғули ибодату иродатанд. Шиори рӯзгори ин халқи куҳанбунёд аз ҳазорсолаҳо гуфтору пиндору кирдори нек будааст ва хоҳад буд. Омин!

Камол Насрулло,

Шоири халқии Тоҷикистон,

дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуло Рӯдакӣ

 

 

Август 30, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад