Суханронии Пешвои миллат дар варзишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа

Август 25, 2016 19:19

25.08.2016, шаҳри Қурғонтеппа

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон!

Биступанҷ сол пеш миллати куҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, яъне истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки имрӯзҳо мо ин падидаи бебаҳоро дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати сазовор таҷлил намуда истодаем.

Маҳз ба шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли сокинони сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин ҷашни тақдирсоз самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.

Воқеан, истиқлолият барои ҳар халқу миллат сарвати ниҳоят арзишмандест, ки ҳастиву бақои миллат ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.

Дар оғози ин давраи тақдирсоз давлати ҷавони мо ба озмоиши бисёр сангин ва зарбаи вазнини таърих дучор гардид. Дар чунин айёми ниҳоят ҳассос, хусусан, мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ранҷу машаққати зиёд кашиданд. Зеро аксари воқеаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ диданд, вале ҷавонмардонаву содиқона дар паҳлуи Роҳбари давлат истоданд.

Ман ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифи кишвар ҳамеша таъкид мекардам, ки барои обод кардани Ватанамон мо набояд ба умеди ягон кас шавем. Яъне мо бояд Ватанамонро бо обилаи дастони худамон созем ва онро ба як давлати пешрафта табдил диҳем. Тавре ки имрӯз ҳама мебинанду медонанд, бо заҳмати содиқона ва кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон, мо дар роҳи расидан ба ин мақсади олии худ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шудем.

Яке аз иқдомоти ватандӯстонаи халқи тоҷик дар ин давра заҳмати софдилонаи онҳо барои татбиқи се ҳадафи стратегии давлатамон мебошад. Гузашти вақт собит намуд, ки ҳадафҳои мазкур роҳнамои халқу миллати мо ба сӯи ободиву созандагӣ буда, дар иҷрои рисолати ватандорӣ ба мардуми сарбаланди кишварамон илҳому нерӯи тоза бахшиданд.

Ҳоло аз минбари ин ҷашни муқаддаси миллӣ бори дигар изҳор медорам, ки бо амалӣ шудани сиёсати созанда ва татбиқи ҳадафҳои олии давлат Тоҷикистони азизи мо дар шоҳроҳи бузурги рушду тараққиёт дилпурона ва бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Такроран иброз медорам, ки ҳанӯз дар марҳалаи аввали эъмори давлатсозӣ дар қатори тамоми мардуми кишвар кӯшишу талошҳо ва дастгирии сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон хуб эҳсос карда мешуд, ки ин омили асосии бунёди давлати миллӣ ва умед ба фардои неки он буд.

Имрӯз ҳангоми мулоқот бо фаъолон ва сокинони вилоят барои дастгирии сиёсати давлат ва заҳмату талошҳои пайгирона ба аҳолии вилоят миннатдориву сипоси Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакатро расонидам ва имрӯз бори дигар изҳор медорам, ки ин дастовардҳо ба мо маҳз ба шарофати дастгирии шумо ва кулли мардуми заҳматкаши Тоҷикистон муяссар гардидаанд.

Ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки дар вазнинтарин рӯзҳои камбуди маводи озуқаворӣ кишоварзони вилоят, махсусан дар водии Қӯрғонтеппа бо чӣ қадар ранҷу машаққати зиёд бо истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ машғул шуда, мардуми дигар минтақаҳои кишварро бо маводи озуқа таъмин мекарданд.

Дӯстони азиз!

Таърихи биступанҷсолаи соҳибихтиёрии давлат нишон дод ва равшану возеҳ собит намуд, ки мафҳуми истиқлолият ва ризоияту ваҳдати миллӣ барои мардуми мо, воқеан, муқаддасу азизанд. Зеро шароити ниҳоят вазнину ҳассосе, ки халқи тоҷик паси сар намуд, маҳз сулҳу субот ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ миллатро аз парокандагӣ ва кишвари азизамонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.

Такрор ҳам шавад, бори дигар таъкид менамоям, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар вақте ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва аҳаммияти ҳифзу таҳкими онро низ ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт усутвору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр ва дар дохили давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон бошанд.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон инчунин тамоми азму талоши худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон таъсир расонад.

Имрӯз ба таърихи биступанҷсолаи давлати навини хеш назар андохта, бо ифтихор гуфта метавонем, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати ватандӯстона ба оламиён худро ҳамчун халқи сулҳпарвару озодихоҳ ва созандаву бунёдкор муаррифӣ карда тавонист ва мо бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав — давлати орзуву ормонҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудем.

Сокинони заҳматдӯсти вилояти Хатлон дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакатро дар зарфи биступанҷ соли сипаришуда хуб эҳсос мекунанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чи қадар корхонаҳои азими саноатӣ, иншооти замонавии иҷтимоӣ, роҳу пулҳои мошингарди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, нақбҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки барои тавсеаи ин раванд боз ҳам азму талош ва заҳмату дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо зарур аст.

Аз ин лиҳоз, баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон сафарбар намоем.

Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.

Дар ин рӯзҳои арафаи ҷашни бузурги умумимиллии биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чун ҳамеша орзумандем, ки сулҳу амонӣ дар ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша пойдору ҷовидон ва осмони Ватани азизамон доим софу беғубор бошад.

Бигзор, 25 соли истиқлолият ҳамчун 25 зинаи камолоти давлату миллат дар қалби ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик оташи меҳру садоқатро ба хотири фардои неки Ватанамон фурӯзон нигоҳ дорад.

Бигзор, ормонҳои олии истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи неку дурахшони мардуми мо бошанд!

Бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори 25 – умин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Август 25, 2016 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад