Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 20 нафар зан соҳиби рисолаи докторӣ гардиданд
Душанбе, 02.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар конфронси ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Ёқубова иброз дошт, ки занон тарбиятгари насли оянда буда, инкишофи насли солим ва маърифатпарвар ба фаъолияти онҳо вобастагии калон дорад.
«Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани мушкилот равона шудааст. Ташкил намудани квотаҳо барои духтарони деҳот дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боиси он гардидааст, ки духтарони лаёқатманд хоҳиши дар аспирантура давом додани таҳсили худро доранд»,- гуфт ноиби президенти Академияи илмҳо ва ҳамзамон афзуд, ки: «Имрӯз дар аспирантура шумораи чунин духтарон зиёд ба чашм мерасад».
Ба иттилои Муҳиба Ёқубова, дар соли 2000 шумораи аспирантон 22 нафар буд ва дар соли 2015 ин шумора ба 287 нафар расид.
Ҳоло дар сафи аспирантон ва докторантон 106 нафар духтарон таҳсил менамоянд.
Дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 нафар зан соҳиби рисолаи докторӣ ва беш аз 100 нафар соҳиби рисолаи номзадӣ гардиданд.













Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






