Дар телевизиони Миср дар бораи Тоҷикистон барномаи махсус намоиш дода шуд
Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сентябри соли равон дар шабакаи телевизионии мисрии Nile TV барномаи махсуси фарҳангӣ дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки муҳтавои он дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Миср таҳия гардид. Барнома 2 соату 25 дақиқа идома ёфт.
Дар барномаи мазкур шаҳрвандони тоҷики муқими Миср аз ҷумлаи коршиносон ва донишҷӯён, инчунин пажӯҳишгарони мисрӣ ширкат намуданд. Барнома ба таърих, забон, фарҳангу анъанаҳои халқи тоҷик ва инчунин табиат, иқтисод, захираҳои табиӣ, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон бахшида шуд.
Ҳангоми баррасии мавзӯи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик нусхаи арабии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҳамчун манбаи арзишманди омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва нусхаи арабии китоби мусаввари «Ганҷинаи тиллоии тоҷикон» ба намоиш гузошта шуданд.
Дар байни суҳбатҳои меҳмонони барнома филмҳои тарғибӣ дар бораи Тоҷикистон, ки онҳоро Сафорат дар ихтиёри шабакаи Nile TV гузошта буд, намоиш дода шуданд. Филми мазкурро ба пуррагӣ метавон дар Youtube тамошо намуд (https://youtu.be/RnD-RMmgi8k).








Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






