Ф. Раҳимӣ: «Бозёфти муҷассамаи «Шоҳи Суғд» аз он шаҳодат медиҳад, ки ин марзу бум марзу буми аҷдодии мост»
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни ҳавлии Осорхонаи миллии бостоншиносӣ маросими муаррифии нигораҳои нави осорхона баргузор гардид. Зимни муаррифӣ нигораҳои арзишманди илмӣ-таърихие, ки ба асрҳои гуногун рабт доранд ва аз ҷониби олимон ҷамъоварӣ шудаанд, ба маъраз гузошта шуда буданд.
Муҷассамаи арзишманде, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кард-ин муҷассамаи «Шоҳи Суғд» буд, ки он ба асрҳои 6-7-и мелодӣ рост меояд. Муҷассама 8 июли соли 2016 аз деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ ёфта шудааст. Соҳиби бозёфт омӯзгор Қӯшабой Ғолибов нақл кардааст, ки ҳанӯз 30-35 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Аловиддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрӯз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорӣ мешудааст.
Баландии муҷассама 37 см, дарозии он 24 см ва вазнаш 2.540 гр., баландии қади асп аз нӯги пой то сари ёл 20.5 см, дарозӣ аз думи асп то фӯки асп 24 см мебошад. Дарозии савора аз пой то сари паранда 31.5 см-ро ташкил медиҳад.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ Зикриё Акрамӣ зимни муаррифии ин муҷассама иброз намуд: «Ин аввалин бозёфтест, ки бо чунин рамз дарёфт шудааст ва он ҷавонмарди савора ва асп аз он нигораҳое, ки дар осорхонаҳои бостонии Чин ҳастанд, ба куллӣ фарқ мекунанд.
Дар сарчашмаҳои таърихии хаттӣ симои шоҳони суғдӣ таҷассум ёфтааст. Дар муқоиса ба онҳо ин муҷассама ба онҳо мувофиқат мекунад. Ба баъзе норасоиҳои ҷузъии муҷассама, ки дастраси мо нагардидаанд, нигоҳ накарда, ин бозёфт аҳамияти фавқулодаи таърихӣ ва фарҳангӣ барои таърихи халқи тоҷик дорад».
Президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки омӯзиши таърихи миллати мо яке аз вазифаҳои асосии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ аст ва ба ин хотир ҳамасола экпедитсияҳои зиёде таъсис дода мешаванд. Ба маълумоти Ф. Раҳимӣ, соли 2016 10 экспедитсияи олимони тоҷик дар минтақаҳои гуногуни кишвар- шурӯъ аз Саразм, Панҷакенти қадим то Карон, Фархор, Балҷувон, минтақаи Кангурт ва дигар манотиқи кишвар тадқиқот гузаронида истодаанд. «Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз бозёфтҳои нодир, ки бори аввал дастраси олимон гардидааст-ин «Шоҳи Суғд»-ӣ ҳаст. Мо, пеш аз ҳама, ба он аҳамият додем, ки дар сари шоҳ тоҷ аст, яъне ин боз шаҳодати он аст, ки номи тоҷик аз калимаи тоҷ, тоҷдор пайдо шудааст. Зиёда аз ин он мурғи ҳумое, ки дар сари шоҳ аст, баёнгари он аст, ки мардум ва миллати мо ҳамеша мисли мурғи ҳумои афсонавӣ ҳар қадар, ки дар тӯли таърих ҷафо дидааст, боз ҳам зинда будааст, бол мекушодааст ва ба боло парвоз мекардааст, ки ин нишони абадияти миллати мост. Нишонае, ки дар ин муҷассама дида мешаванд, ин аспи баландпойи тоҷикӣ аст. Чӣ тавре, ки олимони Чин ҳам дар ин масъала ақида баён карданд, аз дигар аспҳое, ки дар минтақа буд, ин асп аз аспҳои туркиву чинӣ ба куллӣ фарқ дорад. Аспи тоҷикӣ пойҳои дароз, тани бузург дорад ва ба Рахши афсонавӣ монанд аст. Муҳимтар аз ҳама, бозёфти ин муҷассама нишони он аст, ки мардуми тоҷик мардуми бумӣ ҳастанд, мардуми кучӣ нестанд ва ин марзу бум марзу буми аҷдодии мост».
Дар баробари олимону муаррихон, шаҳрвандон низ ба тамошои «Шоҳи Суғд» омада буданд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд






