Таҷлили Рӯзи Фалак -арҷгузорӣ ба таърих ва эҳёи ин санъати таърихист
Кӯлоб, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 октябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи фалак- жанри маъмулу таърихӣ таҷлил карда мешавад. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Фалак дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки доираи васеи зиёиён ва беҳтарин фалаксароён маҳфили идона баргузор гардид.
Зикр шуд, ки эълон доштани 10 октябр чун Рӯзи фалак- арҷгузорӣ ба таърих ва эҳёи ин санъати таърихист.
Ҳунармандони ҷавон ва хушсалиқа дар пайравӣ ба мактаби бузургони фалаксаро- Одина Ҳошим, Ҳотам Юнус, Қодир Шокир, Давлатманди Хол, Гулчеҳраи Содиқ, Сурайёи Қосим ва дигарон аз баландтарин саҳнаҳои ҳунарӣ ин жанри қадимиро густариш медиҳанд.
Дар охир ҳунармандон бо иҷрои таронаҳои дилнишин аз фалаки даштии роғӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.








Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад






