Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»

Ноябрь 18, 2016 09:23

Душанбе, 18.11.2016. /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони шаҳри Сарбанд бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар чаҳорчӯбаи боздиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ ошноӣ пайдо карданд. Зикр рафт, ки Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд.

Давоми фаъолияти тӯлонии худ неругоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад.

Бояд зикр намуд, ки бо шарофати оромию суботи ҷомеа, фазои мусоиди инвеститсионии кишвар ва бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати беҳтар намудани соҳаи энергетика, тамоми чораҳо андешида шуда, бо ҷалби сармояи байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш сомон ёфт.

Дар ҳамин замина Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ва Бонки Рушди Осиё оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 мегаватт” ба имзо расид, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳила иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи қисми якуми лоиҳа, ба анҷом расонидани таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5, таъмири асосии гидроагрегатҳои рақамҳои 3,6, таҷдиду азнавсозии дарғотҳои обпарто, таъмири механизмҳои борбардор, системаи ҳавои фишоршудаи неругоҳ, системаи сӯхторхомӯшкунӣ, иваз намудани автотрансформаторҳои қудратии рақамҳои 2 ва 3, сохтани бинои нави маркази идоракунии неругоҳ, иваз намудани таҷҳизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, соҳилмустаҳкамкунии дарё ва канали пайвасткунанда дар назар аст. Дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди зеристгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 киловолта, таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 35 ва 6 киловолта амалӣ карда хоҳад шуд.

Аз ҷумла соли 2004 бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон як адад автотрансформатори нави сефаза бо тавоноии 250 мегаватт бо маблағи қариб 17 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин дар доираи таҷдиди неругоҳ сохта ба истифода додани хатти барқии 220 киловолта байни НБО-и “Сарбанд” ва НБО-и “Сангтӯда-2” ва иваз кардани 64 адад ҳисобкунаки электронии истеҳсоли Шветсия сурат гирифт. Мувофиқи барномаи ЛОТ-2 бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷдиди гидроагрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ҳанӯз соли 2012 ба анҷом расонида шуда, айни ҳол дар ҳолати хуби корӣқарор дорад ва бо тарзи компютерӣ идора карда мешавад. Маблағи сарфшуда барои анҷоми ин тадбир 13 миллиону 951 359 доллари амрикоиро ташкил дода, амалӣ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо кори иншоот ва ҷараёни татбиқи лоиҳа, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки тадбирҳои барқарорсозӣ дар ин неругоҳ ба таври матлуб ба роҳ монда шавад. Тавре хабар дода шуд, дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 160 нафар бо кор таъмин буда, он ба таври муътадил фаъолият мекунад.

Сипас Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ошноӣ бо фаъолияти Неругоҳи бақи обии «Сарбанд» дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои лавҳаи Лоиҳаибарқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ бардошта, ба оғози ин тадбир асос гузоштанд.

Пудрачии корҳои барқарорсозӣ ширкати Синоҳайдрои Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф шуданд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.

Дар ҷараёни боздиди кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некӯаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд.

Ноябрь 18, 2016 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Насими диёр» расман оғоз бахшиданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара гулгашт ва майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ»-ро ифтитоҳ намуданд