«Ташаббуси Соли ҷавонон дар доираи СҲШ: таъсир ва манфиати он дар ҳаёти ҷавонон!-ҳамоиш дар КМТ
Душанбе, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Ташаббуси Соли ҷавонон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай: таъсир ва манфиатнокии он дар ҳаёти ҷавонон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни хоирҷие, ки дар макотиби олии кишвар таҳсил мекунанд, иштирок доранд.
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад, ки на танҳо аз ҷавонони Тоҷикистон, балки аз ҷавонони ҷаҳон ҳимоя намуда, 10 июни соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия дар ҷаласаи навбатии СҲШ боварии шоиста ба ҷавононро аз авлавиятҳои муҳим дар ин созмон шуморида, пешниҳод намуд, ки яке аз солҳои пешорӯ ҳамчун Соли ҷавонон дар ин созмон эълон карда шавад»,-иброз дошт Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Адҳам Маъмурзода, муовини сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки: «Ташаббуси пешниҳоди таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурӯҳҳои ҷавонон пайдо шуда, пас аз таҳлилу омӯзиши зиёди масъулин моҳи майи соли 2015 пешниҳоди мазкур аз ҷониби Мақоми ваколатдор ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд. Баъди баррасию хулосабарориҳо он аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардид».
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур то соати 17:30 идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






