Вакилони Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ маърӯза карданд

Ноябрь 25, 2016 17:03

Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мавзӯи «Сифати таълим дар кишварҳои аъзои ИДМ: таъмини ҳуқуқӣ ва таҷрибаи самарабахш» маърӯза кард.
«Беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, расидан ба сатҳи байналмилалии рушди иқтисодӣ аз вазъи илму маориф, ташкили раванди дурусти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дар маҷмӯъ, аз дараҷаи маълумотнокии миллат вобастагии амиқ дорад», — зикр кард Ш.Зуҳуров.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» қабул шудааст, ки дар таҳияи он бо тавсияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқтидори инсонӣ, ки омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад ва рушди бештари соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса дода шудааст.
Бо мақсади мутобиқ кунонидани низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар Парлумони Тоҷикистон як қатор қонунҳо қабул шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 161 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки низоми таълимашон ба забони русӣ аст, бо зиёда аз 64 ҳазор хонанда амал мекунад. Ҳамчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва намояндагии 3 муассисаи олии таълимии Федератсияи Русия, аз ҷумла филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва хӯла фаъолият менамоянд.
Дар Форуми панҷуми Байнипарлумонии «Тоҷикистон Русия, ки моҳи октябри соли 2016 бо иштироки Валентина Матвиенко дар Душанбе баргузор гардид, оид ба фиристодани 30 омӯзгори фанни забони русӣ аз ҳамаи минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда буд. Имрӯз ин масъала тақрибан роҳи ҳалли худро пайдо кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод, ки ҳоло дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия беш аз 15 000 шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 12 000 онҳо дар асоси бурсияҳо таълим мегиранд. Зиёда аз 800 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои олии Қазоқистон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои олии Қирғизистон 327 донишҷӯи тоҷик аз рӯи 80 ихтисос ва дар донишгоҳҳои олии Беларус 290 донишҷӯи тоҷик тибқи бурсия ва ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар баробари ин дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон 150 шаҳрванди Қазоқистон ва 168 донишҷӯ аз Қирғизистон таълим мегиранд.
Барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон, ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф амри зарурӣ мебошад.
Вобаста ба ин Ш.Зуҳуров зикр кард, ки «Итминон дорам хусусиятҳои вазъи муосири соҳаи маориф аз сӯи иштирокдорони ҷаласаи имрӯза ва олимони соҳа ба таври ҳамаҷониба муҳокима хоҳад шуд. Чунин мешуморам, ки иштироки чунин сатҳи баланд дар ҷаласа, аллакай, кафолати муваффақият дар ин ҷода аст».
Дар ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода ва Лутфия Раҷабзода дар мавзӯъҳои «Қонуни моделӣ оид ба иштироки ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар баҳсҳои наздисарҳадӣ», «Оид ба судҳои ҳакамӣ» ва «Таъмини ҳуқуқӣ ва амалияи самаранок» сухан гуфтанд.

Ноябрь 25, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад