«Истиқлол» аввалин бозии худро дар Ҷоми КФО 14 март доир мекунад

Декабрь 14, 2016 10:25

ДУШАНБЕ, 14.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин бозии худро дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО 14 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ғолиби бозиҳои плей-офф мегузаронад. Дар ин бора сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, соли равон тарҳи гузаронидани бозиҳо барои Ҷоми КФО тағйир ёфт. Аз соли оянда сар карда, ин мусобиқа дар панҷ минтақаи Осиё сурат мегирад ва аз Осиёи Ғарбӣ дастаи ғолиб мустақиман ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегирад. Аз чор минтақаи дигари Осиё: Шарқӣ, АСЕАН, Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баъди анҷоми мусобиқоти байниҳамдигарӣ як дастаи дигар ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад. Ин даста дар финал бо ғолиби минтақаи Осиёи Ғарбӣ қувва месанҷад.

Ҳарифи  нахустини «Истиқлол» баъди анҷом ёфтани ду раунди бозиҳои плей-офф бо ширкати дастаҳои «Дурдой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон ва «Ҳосилот»-и Фархор» бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон, ки ғолибони ҷуфтҳо барои ба марҳалаи гурӯҳӣ шомил шудан бо ҳам мубориза мебаранд, муайян хоҳад шуд.

Коршиносони футболи ватанӣ бар онанд, ки «Ҳосилот»-и Фархор дар баробари дастаҳои мазкур барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан имконияти беҳтар дорад ва шояд «Истиқлол» аввалин бозиашро бо дастаи «Ҳосилот» барпо намояд.

Ин дар ҳолест, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» 25 феврал барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки оғозбахши мавсими футбол дар мамлакат мебошад, бо ҳам қувва меозмоянд.

Ба ҳамин тартиб, тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ ба шакли зер роҳандозӣ шудааст:

 Даври 1

14  март

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф

«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2

4  апрел

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 3

18  апрел

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4

3  май

«Алай» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5

17  май

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон)

 Даври 6

31  май

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Алай» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

 

 

Декабрь 14, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад