Номаи тасаллияти Сироҷидин Аслов дар робита ба қатли Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Туркия
ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов ба ҳамтои россиягии худ С. Лавров номае ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар шаҳри Анкара рухдодаро сахт маҳкум менамояд. Қатли Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Туркия Андрей Карлов амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавқеи ягона доранд. Ҳамкории ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди чунин чолишҳо, дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзалиятнок доранд. Зикр гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати таҳкими талошҳои муштарак дар сатҳи дуҷонибаву бисёрҷониба тамоми тадбирҳои имконпазир андешида мешаванд»,- гуфта мешавад дар нома.
Дар хотима С. Аслов изҳори ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонавода ва наздикони дипломат, ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар хизмати халқу кишвараш буд, баён намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






