Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2016 12:30

ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда мешаванд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016 нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуд ва иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин карда шуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар гардида, сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуданд ва сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил дод.

Тавре зикр шуд, рушди иқтисодӣ, аз ҷумла ба афзоиши маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 17,4 фоиз, маҳсулоти саноатӣ — 16,0 фоиз, гардиши савдои чакана- 6,0 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ- 5,2 фоиз мусоидат намуда, нақшаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ – 95 фоиз таъмин ва ба он 16,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 907 млн. сомонӣ кам мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз — 98,2 фоиз ва Хадамоти гумрук — 90,1 фоиз таъмин гардидааст.

Зикр шуд, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардид.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016 ба Сарвазири мамлакат, муовини якум ва муовинони Сарвазир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат инчунин ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти номуназзами минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иҷро нашудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ ва андоз, саҳлангорӣ дар пешбурди корҳои илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, пурра таъмин нашудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва дигар мушкилоту норасиҳо изҳори нигаронӣ карда, дастуру супоришҳои қатъӣ доданд, ки назорат барои ислоҳи камбудию мушкилоти мавҷуда пурзур карда шаванд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2016 ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба ҳолати иқтидорҳои саноатӣ, бунёд ва таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолии нав гузириш доданд. Аз фаъолият накардани 450 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар соли равон, роҳандозӣ нашудани тадбирҳо дар самти тақвиятбахшии истеҳсолоти қолинбофии дастӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва хӯрокворӣ изҳори нигаронӣ карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои навро барои ҷоннок намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ва Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти аз меъёр зиёди барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи он, рафти сохтмон ва навсозию таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳисобот баромад намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои вобаста ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нишондиҳандаҳои сатҳи ҷинояткорӣ дар соҳаи энергетика гузориш дод.

Декабрь 23, 2016 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд