«Садои Душанбе» — садои сартосарии Тоҷикистон

Январь 18, 2017 10:39

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 сол муқаддам дар фазои иттилоотии кишвар падидаи нав рӯйи кор омад. Бо ташаббуси собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард. Бо вуҷуди пешниҳоди барномаҳои алоҳидаи мустақим дар шабакаҳои дигари Радиои Тоҷикистон, ин ягона шабакае ба ҳисоб мерафт, ки ба муддати 8 соат тамоми барномаҳои худро ба таври мустақим бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ пешниҳоди шунавандагон менамуд. Таъсиси «Садои Душанбе» дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон қадами муҳиме дар рушди ВАО маҳсуб мешуд.
Дар ҳақиқат радио воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рўзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дўстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.
Дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 бори аввал радио ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидаанд, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.
Дар ибтидо агарчӣ радиои «Садои Душанбе ҳамчун шабакаи сартосарии «Садои Душанбе» ном бурда мешуд ва аз соати 8-и субҳ то 16-и бегоҳ ба муддати 8 соат мустақиман бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ барнома пешниҳод мекард, айни ҳол пахши барномаҳои он 24 соатро ташкил медиҳад. Яъне то соати 20:00 мустақиман ва сипас пахши такрории он то соати 8-и субҳи рӯзи дигар идома меёбад.

Январь 18, 2017 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд