Мунира Шаҳидӣ: «Фарҳанги тоҷик аз фарҳангҳоест, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудаанд»
Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ, забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 бо ташаббуси Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ вохӯрии раиси бунёди мазкур, муҳаққиқи шинохта Мунира Шаҳидӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар вохӯрӣ донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд. Сарравал ба донишҷӯён вобаста ба зиндагӣ ва фаъолияти оҳангсози шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ ва асарҳои эҷоднамудаи ӯ маълумот дода шуд. Мунира Шаҳидӣ аз ҷумла гуфт: «Боиси хурсандист, ки ҷавонон имрӯз дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар хеле фаъол буда, кӯшиш менамоянд, то дар хориҷи мамлакат ҷаҳони имрӯзаро омӯзанд. Насли имрӯза бояд дарк намояд, ки дар соҳаи соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ имрӯз дар ҷаҳон чӣ навгониҳо мешаванд. Мо бояд ба онҳо пайваст шуда, худро як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос кунем».
Ба андешаи Мунира Шаҳидӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва донишандӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Бино ба гуфтаи муҳаққиқи шинохта, фарҳанги тоҷик аз фарҳангҳоест, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудаанд. «Ман ҳамчун роҳбари Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ, ки имсол 25-сола мешавад, ба наздиқӣ ба яке аз донишгоҳҳои шаҳри Берлин даъват шудам. Он ҷо ба донишҷӯён роҷеъ ба давлати мо, хоса иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар ва шароите, ки имрӯз барои ҷавонони тоҷик фароҳам оварда шудааст, нақл кардам. Ман бо ифтихор зикр намудам, ки дар муддати 25 соли таъсиси Бунёд мо ҳамроҳи кишварамон дар даврони истиқлолият ва мувофиқи заминаҳои қонунии имрӯзаи Тоҷикистон амал кардем»,-баён дошт сарвари Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ.
Ба андешаи Мунира Шаҳидӣ, имрӯз бархе аз ҷавонон аз сабаби кофӣ набудани дониш ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Сабаби хурофот, бадбинӣ, тарс ва хислатҳои бади инсонӣ маҳз надоштани дониш мебошад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш дорад бо ҳам муттаҳид шавад ва муқобили ин гуна падидаҳои номатлуб биҷангад.
«Шумо, ҷавонон имрӯз метавонед бисёр корҳои шоиста анҷом диҳед, то ҷаҳониён донанд, ки дар ҳақиқат фарҳанги тоҷик саросар сулҳ ва сулҳпарварӣ буда, он мақому мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамояд»,-пешниҳод намуд муҳаққиқ.
Ҷамшед Абдиев, мудири бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иброз дошт, ки устодони донишкада баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва неруи зеҳнии онҳо доимо талош меварзанд.
«Имрӯзҳо мо кӯшиш менамоем, ки ҷавонони мо дар ҳама чорабиниҳо иштирок намуда, масъулияти бар дӯши онҳо вогузор намудаи Пешвои миллатро сарбаландона пеш бурда, саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистон гузоранд»,-баён дошт Ҷамшед Абдиев.
Лутфулло Ҳаётов, донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат зикр намуд, ки ҳангоми тамошои осорхона мо бо фарҳанги солҳои 30-юм ва 40-уми қарни гузаштаи халқи тоҷик ошно гаштем. «Мо аз ҷумла, дар бораи хизматҳои шоёни Зиёдулло Шаҳидӣ маълумоти бештар пайдо намудем. На ҳамаи ҷавонон имрӯз дар бораи гузаштагонамон маълумот доранд. Аз ин пас мо кӯшиш менамоем, ки давомдиҳандаи кори эшон бошем, санъат ва фарҳанги миллати тоҷикро ба қуллаҳои баланд расонем»,- ваъда дод Лутфулло Ҳаётов.
Масъулони Бунёд ният доранд, ки то охири сол чунин вохӯриҳоро бо ҷавонон бештар ба роҳ монда, онҳоро бо фарҳанги гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик шинос намоянд.












СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид






