Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ба маблағи беш аз 90 миллион $ таҷдид мегардад

Май 12, 2017 09:26

ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки пойтахтро бо ҷануби кишвар ва давлатҳои хориҷӣ мепайвандад, ба маблағи 96,4 миллион $ таҷдид мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки вакилони Парлумони Тоҷикистон 11 май ду Созишнома- Созишномаи маблағгузорӣ ва грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи роҳравҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ /ҲИМОМ/ ва лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппаро, ки 15 ноябри соли 2016 ба имзо расонида шудаанд, ба тасвиб расониданд. Бояд тазаккур дод, ки роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ҷузъи роҳравҳои байналмилалии нақлиётии ҲИМОМ мебошад.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини Вазири молияи кишвар ҳангоми тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки маблағи умумии татбиқи лоиҳа 96,4 миллион доллар буда, аз он 15,8 миллион доллар гранти БОР, 49,4 миллион доллар қарзи БОР, 12 миллион доллар қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, 2 миллион доллар гранти Фонди неруи тоза ва 17,2 миллион долларро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт тавассути роҳравҳои ҲИМОМ ва дар маҷмӯъ беҳдошти вазъи шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа аст.
Зикр шуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33 километри роҳи автомобилгардро аз Душанбе то деҳаи Чашмасорони ноҳия Рӯдакӣ дарбар гирифта, дар доираи лоиҳа роҳи автомобилгард то чор хат васеъ карда мешавад. Рӯйпӯши роҳҳо беҳтар гардида, воситаҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт гузошта мешаванд. Ҳамчунин чароғҳои равшаникунанда ва низоми таъмини неруи барқ дар асоси панелҳои офтобӣ насб мегарданд. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз ёфта, моҳи марти соли 2021 ба анҷом расонида шавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, ки дар ҷаласаи Парлумон иштирок дошт, гуфт, ки бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа барои кишвари мо аҳамияти бузург дорад. Тавассути ин шоҳроҳ тамоюли ҳаҷми воридоту содироти молҳои гуногун беш аз пеш афзоиш меёбад. Вазири нақлиёт афзуд, ки тибқи нишондодҳои оморӣ дар зарфи чор моҳи соли равон содироти молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва сохтмонӣ (семент) тавассути гузаргоҳи «Панҷи Поён» ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон ва Туркия ду маротиба афзудааст.

Сохтумони рох (7)
Ҳамзамон дар посух ба саволи вакил Ҷаббор Ахмедов дар мавриди он ки дар сохтмон ва таҷдиди роҳҳои кишвар бо назардошти иқлими ҷумҳурӣ кадом технологияҳои муосир ва маводи роҳсозӣ истифода мегарданд, Холбой Саидов, роҳбари Маркази татбиқи лоиҳа дар посух гуфт, ки дар таҷдиди роҳи Душанбе- Қӯрғонтеппа технологияи муосир ва маводи роҳсозии баландсифат истифода мешавад. Зикр шуд, ки тендер оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад ва дар робита ба ин 17 ширкат ҷиҳати иштирок дар озмун ҳуҷҷат супоридаанд.
Намояндаи Вазорати нақлиёти кишвар ҷиҳати бо сифати баланд таҷдид ва бунёд намудани роҳҳо афзуд, ки дар таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа асфалти «ЩМА», ки қудрати бо об ва фурӯравӣ муқовимат карданро дорад, истифода мегардад. Мавсуф зикр кард, ки бори нахуст чунин асфалт дар сохтмони роҳи даромадгоҳи шаҳри Ҳисор қисман дар масофаи 2,4 км истифода шудааст. Мутахассисони соҳаи роҳсозӣ муҳлати истифодаи ин навъи асфалтро аз 14 то 25 сол арзёбӣ мекунанд.
Зимни муҳокимаи созишномаҳо Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳи масъулони Вазорати нақлиёти кишварро ба самаранок истифода намудани маблағҳои лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи Душанбе- Қӯрғонтеппа ҷалб намуд. Раиси палатаи поёнии Парлумони кишвар зикр кард, ки дар марҳилаи татбиқи лоиҳаҳо, бахусус дар Вазорати нақлиёт санҷишҳо гузаронида мешаванд, то шаффофияти маблағҳои истифодашаванда дар самти татбиқи лоиҳа дар кадом сатҳ қарор дорад. Мавсуф афзуд, ки зимни санҷишҳо қаблан камбудиҳо ҳам ошкор гардиданд. Дар робита ба ин Шукурҷон Зуҳуров аз Вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода даъват намуд, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳо, хусусан самаранок истифода намудани маблағҳо назорати ҷиддӣ барад, зеро камбудию норасоиҳо дер ё зуд аз ҷониби мақомоти марбутаи санҷишбарандаи кишвар ошкор мегарданд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки роҳҳои кишвар бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ барои солҳои тӯлонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гарданд. Дар ҷумҳурӣ роҳҳое сохта шудаанд, ки баъд аз ду-се соли ба истифода супоридан хароб гардидаанд. Аз ин рӯ тартиби сохтмон, технология ва маводи роҳсозӣ бояд ба иқлими кишвар мутобиқ бошанд. Дар ин робита Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ афзуд, ки тамоми маводи сохтмонии роҳ қабл аз истифода дар озмоишгоҳҳои махсус аз ҷониби мутахассисони соҳа аз озмоиш гузаронида шуда, баъдан истифода мегарданд.

Марзия САИДЗОДА

Май 12, 2017 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд