Дар Остона Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июнь 13, 2017 16:07

ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ Ховар/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017, ки 12 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баланд бардоштани байрақи Тоҷикистон ва Қазоқистон зери садои суруди миллии ду кишвар оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг  хабар доданд, дар доираи Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва қувваи барқ» намоишгоҳ  пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ таваҷҷуҳи  намояндагони расмӣ ва сайёҳони кишварҳои гуногунро ба худ ҷалб намуд.              Иштирокдорон ва меҳмонон тавассути   он бо табиат, канданиҳои фоиданок, иқтидори энегетикӣ ва обӣ, фарҳанг ва таърихи тоҷикон ошноӣ пайдо намуданд. Хусусан  дарахти бахт, ки баргу шохаҳояш бо сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон оро ёфта буданд,  диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд.

Шоми ҳамон рӯз  дар Амфитеатр, ки дар ҳудуди Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 воқеъ гардидааст, консерти устодони санъати Тоҷикистон доир гардид.

Дар барномаи консертӣ ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак» ва ҳунармандони шинохта чун  Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев санъати нотакрори рақс ва суруду оҳанги тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуданд.

 

Июнь 13, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд