Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: аз 6 то 10 июл ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед!
ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 44 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 6 то 10 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк дар назар дошта шудааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 14-19 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 39-44 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво 38-43 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 37-42 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 37 — 42 дараҷа гарм мешавад.
Дар заминаи гармшавии ҳарорат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки давоми панҷ рӯзи оянда боэҳтиёт бошанд: «Бахусус дар ҳолатҳои истифода аз роҳҳои кӯҳӣ, будубош дар соҳили рӯдхонаву обанбор ва ҳавзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд».
Ҳамчунин ба сокинон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои гарм камтар зери шуоъи офтоб қарор бигиранд ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрашонро фаромӯш насозанд: «Бештар об истеъмол кунед, дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад. Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед».








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






