Азим Иброҳим: «Фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўроквориро воқеъбинона ба роҳ монем»
ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 июли соли равон дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи ҳаштуми Шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин замина пешгирии воридоти маҳсулоти хўроквории пастсифату ба саломатӣ хатарнок, ҳолатҳои сироятёбии аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тариқи ВАО, назорати истеҳсолу фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, дар корхонаҳои ватанӣ ҷорӣ намудани талаботи низоми идоракунии сифат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО ва низоми бехатарии НАССР (таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез), таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, такмил додани озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хўрокворӣ ибрози ақида намуд.
Махсус таъкид гардид, ки ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омўзишӣ бо соҳибкорон оид ба ҷорӣ намудани низомҳои бехатарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Зеро мусоидат намудан ба бахши хусусӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаштани онҳо ба истеҳсолоти мутобиқ ба стандартҳои ҲАССП (НАССР) ва Global GAP метавонад кафолати бехатарии маҳсулоти ғизоии истеҳсолӣ бошад ва ҳамзамон барои баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат замина гузорад.
Зикр шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардани аҳолӣ аз баъзе намуди касалиҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои алоқаманди соҳаи тандурустӣ «Дастурамал оид ба ғизои парҳезии бемории фарбеҳӣ», «Дастурамал оид ба ғизои табобатии бемориҳои бодигармӣ», «Дастурамал оид ба ғизои табобатии бемориҳои узвҳои ҳозима», «Дастурамал оид ба ғизогирии кўдакони сини то мактабӣ ва мактабӣ» инчунин «Дастурамал оид ба ғизогирии занҳои ҳомила» таҳия ва ҳамоҳанг гардиданд.
Барои риоя нагардидани талаботҳо ва меъёрҳои санитарӣ, иҷро нагардидани дастур ва пешниҳодҳои санитарӣ нисбат ба 4346 нафар шахсони масъул парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, нисбат ба 4346 нафар ҷарима ба маблағи 524 900 сомонӣ таъйин карда шудааст.
Инчунин дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмўъ 10 370 кг маҳсулоти хўрокаи пастсифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот боз дошта шуда, тибқи муқаррароти муайянгардида нобуд карда шудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 10 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хўроквории ба қайд гирифташуда, 8 ҳодиса бемории ботулизм мебошад, ки дар натиҷа 16 нафар сироят ёфта, мутаассифона, 1 нафараш фавтидааст. Ду ҳодисаи заҳролудшавии аз занбӯруғ, ки 8 нафар сироят ёфтааст.
Дар ҳама ҳолатҳо сабаби сар задани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ин истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда ва занбўруғҳои заҳрнок мебошад.
Оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми истеҳсоли онҳо бояд қайд кард, ки маҳсулоти хўрокворӣ дар корхонаҳои саноатӣ, мувофиқи талаботҳои регламентҳои технологии аз ҷониби роҳбарияти корхона тасдиқгардида, истеҳсол карда мешаванд. Талаботи регламентҳои мазкур тамоми равандҳои технологӣ, аз қабули ашёи хоми хушсифат, ки дорои сертификатҳои мутобиқат мебошанд, то коркард, борҷомакунӣ, нигоҳдорӣ дар анборҳои муваққатӣ ва ҳамлу нақли маҳсулотро дар бар мегирад.
Дар ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои ҷорӣ, Нақшаи кори Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи дуюми соли 2017 тасдиқ карда шуд.
Муовини Сарвазир фаъолияти ҳар як мақомотро таҳлил намуда, вобаста ба тақвият бахшидани корҳо, пурзӯр намудани назорат дар самти таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини саривақтии қарорҳои қабулшуда ба сохторҳои масъул дастуру супоришҳои мушахас дод.
«Таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ ва саломатии мардуми мамлакат ва умуман ҳифзи генофонди миллат имрўз аз мову шумо мақомоти дахлдор ва аъзои ин Шўро вобастагии калон дорад. Ҳамаи ин ҷидду ҷаҳд масъулият ва муносибати ҷиддиро ба иҷрои вазифа аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд. Албатта, раванди пешрафти ҷамъият аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият намоем»,- тазаккур дод А. Иброҳим.








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






