Б. Ғафуров: таҷлили Рӯзи маъюбон ва эҳдои меҳрубониҳо ба онҳо
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 150 нафар маъюбон бо оростани дастурхони идона ва эҳдои меҳру муҳаббат истиқбол гирифта шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, дар ҳудуди ноҳия 7 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки 1023 нафарашонро кӯдакону наврасони то синни 18-сола ташкил медиҳанд. Дар арафаи ҳар иду айём ба ин шахсон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ашхоси саховатманд кумак расонида мешавад.
Ин навбат низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин муносибат дар тӯйхонаи «Хестварз» дастурхони идонаю чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуданд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ иброз дошт, ки сазовори ҳама гуна ғамхориву дастгирӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои маъюбону пиронсолон аз рукнҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар роҳи иҷрои дастуру раҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъюбону пиронсолон ва ашхоси ниёзманд хамеша таҳти таваҷҷуҳи мақомоти иҷроия қарор доранд.
Дар ҷамъомад баробари дастурхони идона ва тақдими туҳфаҳо аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Суруду таронаҳо дар васфи Ватан, сулҳу амонӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷониби маъюбон пешкаши иштирокдорон гардид, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.










Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






