«БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Филми шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» дар Фестивали байналмилалии «ТЭФИ Иттиҳод 2017» дар Минск соҳиби ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск 7-умин Фестивали байналмилалии телевизионӣ – «ТЭФИ Иттиҳод-2017» баргузор гардид, ки дар он намояндагони 19 шабакаи телевизионӣ аз 12 кишвари аъзои ИДМ ва хориҷаи наздик иштирок намуда, беш аз 20 филми ҳуҷҷатии худро пешниҳоди ҳакамон ва иштирокдорон намуданд.
Тавре аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони 2 шабакаи телевизионии Тоҷикистон дар ин Фестивал иштирок намуда, 3 филми ҳуҷҷатӣ- «Роҳи Пешвои миллат», «Ба Ватан хизмат мекунам!»-ро аз шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ва филми «Майдон»-ро аз телевизиони «Сафина» ба Шўрои комиссия пешниҳод намуданд.
Пас аз баррасӣ ва омўзиш аз ҷониби аъзои комиссия филмҳои ҳуҷҷатии номбаршуда довталаби барандаи Фестивали «ТЭФИ-Иттиҳод-2017» эълон гардиданд.
Баъди таҳлилии унсурҳои жанрӣ дар филм, матн, сабку услуби пешниҳод, навор ва танзим Шўрои комиссия, ки ба ҳайати он собиқадорон ва маъруфтарин мутахассисони соҳаи телевизиони Федератсияи Россия- Сергей Майоров, Леонид Млечин, Кира Прошутинская, Алексей Побортсев, Тофик Шахвердиев шомил буданд, филми «Ба Ватан хизмат мекунам!» («Служу Отечеству!») – и шабакаи телевизиони «Тоҷикистон»-ро дар қатори 10 маводи пешниҳоднамудаи кишварҳои иштирокдор сазовори ҷоизаи Фестивали «ТЭФИ Иттиҳод 2017» дониста, онро бо диплом ва Ҷоизаи рамзии Фестивал қадрдонӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки филми ҳуҷҷатии «Ба Ватан хизмат мекунам!» доир ба таърихи ташаккули Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои ислоҳоти низомӣ, болоравии иқтидори мудофиавии 3 навъи қўшуни Қувваҳои Мусаллаҳ дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ қисса мекунад.
Муовини аввали директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон», ҳамзамон муаллифи филм Умед Назарзода ва сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ» Манучеҳр Ализода, ки дар ин Фестивал иштирок доштанд, филми ҳуҷҷатии «Ба Ватан хизмат мекунам!»-ро ба аъзои комиссия муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон дар рўзҳои баргузории Фестивал ҳамарўза дигар филмҳои озмунӣ муаррифӣ шуда, бо ташкили суҳбатҳо ҳадафу мақсадҳои асосии интихоби мавзўъҳо муҳокима мешуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Фестивали «ТЭФИ-Иттиҳод» аз ҷониби Фонди «Академияи телевизионҳои Россия» дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии гуманитарии ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ ҳамасола дар яке аз кишварҳои узви Иттиҳод баргузор гардида, ҳадафи он фароҳам овардани фазои ягонаи иттилоотӣ дар қаламрави ИДМ ва хориҷаи наздик, мусоидат ба омўзиш ва мубодилаи таҷрибаи телевизионҳои кишварҳои иштирокдор мебошад.
Дар Фестивали навбатӣ аз телевизионҳои давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Украина, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Литва, Молдова, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бо фарогирии мавзўъҳои таърихӣ, туристӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ – низомӣ дар сатҳи баланд ва ҳирфаӣ филмҳои ҳуҷҷатӣ пешниҳод гардиданд.
Дар Фестивали мазкур узви Академияи телевизионҳои Федератсияи Россия, барандаи барномаҳои телевизиони НТВ Сергей Майоров, роҳбари дирексияи барномаҳои таърихӣ-публицистии телевизиони ОРТ Леонид Млечин, шоу-барандаи барномаҳои фарҳангӣ Валдис Пелш бо ташкили суҳбатҳо дар мавзўъҳои «Филми ҳуҷчатӣ – оинаи ҳаёт», «Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар асри нав», «Таърих дар экран – ҳақиқат ва тахайюлот» ва «Чӣ гуна метавон ба тамошобин фараҳ бахшид» ба иштирокдорон дарси маҳорат омӯхтанд.










Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст






