Хабарнигори АМИТ «Ховар» соҳиби Ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоҳирӣ сазовори Ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва табобати бемории сил гардид.
Бояд зикр намуд, ки беш аз 50 нафар намояндаи ВАО дар Озмуни имсолаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўи бемории сил иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ВАО ва силшиносон маводҳои воридшударо дар бахшҳои расонаҳои чопӣ, интернетӣ ва радиову телевизион баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян намуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба рӯзноманигорон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва USAID дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. 10 нафар рӯзноманигорон барои эҷоди маводи беҳтарин дар мавзӯи бемории сил қадрдонӣ гардиданд.
10 нафар ғолибони озмуни мазкур – кормандони АМИТ «Ховар», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила» ва «Фараж», сомонаи интернетии «Ҳаёти солим», сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст






