ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар водии Рашт 3000 тонна гандум ва зиёда аз 250 тонна картошка захира намудааст

Октябрь 31, 2017 14:55

РАШТ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи сари вақт омода    намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ва барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокӣ ба аҳолии  ҷамоати деҳоти Сағирдашт,  ноҳияҳои Рашту  Сангвор,  Тоҷикобод ва Лахш бо нархи арзон шакар, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, нахӯдпора, ярмаи ҷав, гандум ва орди босифат   пешниҳод  намудааст. Дар ин бора  директори  корхонаи мазкур Хусрав Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ноҳияҳои мазкур 472  тонна орд, 28 750 кг шакар, 17 570 кг равған, 21 075 кг макарон, 4550 кг нахӯдпора, 8250 кг марҷумак, 3225 кг ярмаи ҷав, 19 625 кг биринҷ ва 15 000 литр маводи сӯзишворӣ захира дорад. Барои истеҳсол намудани орди хушсифат дар корхонаи истеҳсоли орд  3000 ҳазор тонна гандум захира намудаанд.  Инчунин  ба хотири кам намудани кишти гандум дар минтақа  ва зиёд намудани  кишти картошка бо нархи арзон ба аҳолии ин минтақа   зиёда аз 100 тонна гандум  пешниҳод намудаанд.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба хотири танзими  нархи картошка дар фасли зимистону баҳор дар сатҳи ҷумҳурӣ  зиёда аз 250 тонна картошка захира намудааст. Тибқи иттилои масъулин, захиранамоии картошка дар моҳҳои наздик ба 500 тонна мерасад.  Картошкаи захиранамуда хушсифат буда, ҳосили имсолаи  картошкапарварони  ноҳияи Лахшу  деҳқонони ин минтақа мебошад.

Октябрь 31, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад