«ШВИТСУЗЕБУМОНАНД»- ҶИНСИ ТОҶИКИИ ЧОРВОИ ШИРДЕҲИ ГӮШТӢ. Дар ноҳияи Рашт намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор шуд

Октябрь 31, 2017 14:43

РАШТ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаҳои кишоварзию чорводорон ва занбӯрпарварони  ноҳияҳои минтақаи Рашт  намоиш ва фурӯши  чорвои зотии  ин минтақа баргузор шуд. Дар намоишгоҳ чорвои калони шохдори зотҳои  «сиёҳало», «швитсузебумонанд» ва  гӯсфанди зоти ҳисорӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии Хисрав Алишери ноҳияи Рашт Авғон Абдуҷабборов зикр намуд, ки дар таърихи минтақа бори аввал байни чорводорони минтақа намоишу  фурӯши чорвои хушзот доир гардид. Дар хоҷагии мазкур 62 сар чорвои зотии ширдеҳ ва гӯштӣ мавҷуд мебошад. Барои ривоҷу равнақи  соҳаи чорводорӣ   ва бордоркунии чорвои аҳолӣ  аз тарафи Муассисаи хушзоткунии Вазорати кишоварзӣ  ба таври ройгон ба хоҷагӣ ду сар буққаи зоти «швитсузебумонанд»  дода шуд.
Фазлиддин Икромов,  сардори Хадамоти назорати  давлатии хушзоткунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки чунин намоиш яке аз бахшҳои муҳими соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла, дар самти  зотпарварӣ мебошад. Масъалаи зотпарварӣ яке аз омилҳое ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ, хусусиятҳои ирсии чорвои парваришии оянда  ва дар маҷмӯъ, барои ҳалли масъалаи таъмини  амнияти озуқаворӣ замина мегузорад. Дар минтақаи Рашт тибқи нақшаи лоиҳабандии намуд ва зоти чорво, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 ба тасвиб расидааст, парвариши чорвои ширдеҳи гӯштӣ, ки зоти «швитсӣ» ном дорад ва дар заминаи он ҷинси тоҷикии «швитсузебумонанд» аз ҷониби олимону мутахассисони ватанӣ офарида шудааст, парвариш карда мешавад. Аз чорвои майда  дар минтақа зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва маҳинпашми дарвозӣ парвариш меёбанд, ки аз лиҳози биологӣ ва хусусиятҳои ирсӣ зоти мазкур ба шароити  минтақаҳои баландкӯҳ ва  кӯҳистон мутобиқ мебошад.

Дар интиҳо иштирокчиёни фаъоли намоиш аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

Октябрь 31, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд