Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи ҶТ: «Яке аз масъалаҳои мушкили истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситонидани алимент мебошад»
ДУШАНБЕ, 31.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Охири соли 2017 Парлумони мамлакат ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он минбаъд дар Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад. Дар ин бора Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири адлия ҳамчунин зикр кард, ки дар асоси моддаи 178 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар зарфи се моҳ аз пардохти алимент барқасдона саркашӣ менамоянд, ба муҳлати то се сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
«Яке аз масъалаҳои мушкили истеҳсолоти иҷро теъдоди зиёди ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани алимент мебошад. Ҷамъбасти давраи ҳисоботи солҳои охир нишон медиҳад, ки воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд вобаста ба ситонидани алимент сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад»,- иброз намуд номбурда дар идомаи гуфтаҳои боло.
«Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкур- ин аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ мебошад», — таъкид намуд Рустам Шоҳмурод ва илова кард, ки минбаъд дар мамлакат мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони болиғи қобили меҳнат низ уҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намуда, нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари ғайри қобили меҳнати муҳтоҷ аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.
Вазири адлия ҳамчунин зимни посух ба суолҳои хабарнигорон доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти вазорат иттилоъ дод.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






