Бозёфти пораи чакан, ки ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дорад, нишони қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардуми тоҷик аст

Март 15, 2018 16:47

Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миёни нигораҳое, ки дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд, зимни тамошо яке аз нигораҳои беҳтарине, ки диққати ҳар тамошобинро ба худ ҷалб мекунад, ин пораҳои матои чакан мебошанд, ки дар натиҷаи тадқиқоти бостоншиносӣ соли 1973 аз оромгоҳи Тифоқи ноҳияи Фархор дастрас гардидаанд. Нигораи мазкур ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дошта, яке аз нишонаҳои қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардумӣ-чакандӯзӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоте, ки тармимгарон ба муаррихон пешниҳод кардаанд, дар болои ин матои чакан дарахти ҳаёт ва паррандаи симурғ гулдӯзӣ шудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин пораҳои матоъ лаби домани курта ё лаби рӯймоли занона мебошанд.

Бо дарназардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти таҳқиқу таҳлили мардумшиносӣ дар илми ватанӣ минбаъд пурзӯр мегардад.

Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1981 дар хиёбони И. Сомонӣ (собиқ Путовский)-и  шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар бахши этнографияи тоҷикон аз зумраи калонтарин муассисаи илмии мардумшиносӣ маҳсуб мешавад. Соли 2007 Осорхонаи мазкур ба кӯчаи Академикон Раҷабовҳо кӯчонида шуд. Ҳафтаи сипаришуда  пас аз тармиму таъмири ҳамаҷониба аз ҷониби ширкати «Фароз» осорхона боз ба мавзеи аввалааш баргардонида шуд.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мудири Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷинисо Ашӯрмадова баён намуд, дар Осорхонаи мардумшиносӣ зиёда аз 11 ҳазор намунаҳои анҷому либосҳои қадимии хонаводагии мардуми Тоҷикистон барои тамошо вогузор гардидаанд. Маводи ихтисосии Осорхона ҳанӯз аз солҳои 1940-уми садаи гузашта аз ҷониби мардумшиноси шинохта М.С.Андреев ва шогирдонаш Н.Ершов, А. Писарчик, М. Ҳамидҷонова ҷамъоварӣ гардида, имрӯз омили ифтихору сарбаландии илми мардумшиносии мамлакат дониста мешавад.

Ҳангоми боздид дар байни нигораҳои Осорхонаи мардумшиносӣ ороишоти занонаи охири асри XVIII, коллексияи нассоҷӣ, намунаи матоъҳои алоча ва либоси марбут ба асри XIX, намунаи силоҳҳои ҷангии садаи мазкурро, ки маҳфуз мондаанд,  метавон аз наздик дид.

«Имрӯзҳо коллексияи осорхонаро зиёда аз 11 ҳазор нигораҳое, ки баёнгари санъати мардумӣ, истеҳсоли ҳунарҳои анъанавӣ, ки фарҳанги моддӣ ва динии тоҷикон ва дигар миллатҳои хурди Тоҷикистон мебошанд, ташкил медиҳанд. Дар асоси нигораҳои осорхона «Албоми либосҳои тоҷикон», нашри соли 1969, «Албоми санъати амалии тоҷикон», ду маҷмӯаи руқъаҳо ва китоби «Санъати мардумии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Л. Додхудоева ва дигарон мураттаб гардидааст, ба нашр расидаанд»,-зикр намуд мудири Осорхона.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯзҳо баъд аз дубора таъмиру тармим шудани Осорхона шумораи тамошобинон зиёд гардида, аллакай чанд ширкати сайёҳӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо осорхона ва ҷалби сайёҳон ба ин макон баён доштанд.

Як нафар донишҷӯйи тамошобин Наргис Додхудоева аз дубора таъмиру тармим гардидани Осорхона изҳори хушнудӣ намуда, зимни суҳбат бо мо баён дошт, ки «вақте волидонамон ба мо мегӯянд, ки дар замони мову бибикалонҳои мо духтарон ин гуна либос мепӯшиданд, он гуна зевар ба бар мекарданд, ба худ мегуфтам, ки онҳо чӣ гуна бошанд? Хушбахтона, имрӯз имкон пайдо шуд, ки бо санъати либоспӯшӣ ва лавозимоти ороишии пешиниён аз наздик шинос шавем. Воқеан ҳам бо дидани ин гуна ёдгориҳо рӯҳи мо болидаву шод мегардад. Ҳамзамон бо дидани онҳо ҳиссиёте дар вуҷудам туғён мекунад ва бо гузаштаву имрӯзаи худ фахр мекунам»,-мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи мардумшиносӣ аз чаҳор қисмат иборат буда, фарҳанги анъанавии тоҷикони шимоли мамлакат, ҷануби кишвар, Тоҷикистони марказӣ ва фарҳанги анъанавии тоҷикони Бадахшонро фаро гирифтааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Март 15, 2018 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид