Дар Сочи масоили тавсеаи ҳамкории гумрукии минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии гумрук баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи роҳбарони хадамоти гумруки минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода намояндагӣ кард. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласа, ки намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон ширкат доштанд, масоили марбут ба тиҷорати электронӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии сармоя, алоқаманд кардани низоми транзитии минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии гумрук, беҳтар намудани тартиботи идоракунӣ дар Созмон ва васеъ намудани истифодаи забонҳои корӣ дар фаъолияти он баррасӣ гардиданд.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон масъалаи вобаста ба интихоби Котиби генералии СҶГ, ки охири моҳи июни соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмон дар Брюссел доир мегардад, матраҳ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Созмони ҷаҳонии гумрук соли 1953 таъсис ёфта, беш аз 180 давлати дунёро дар худ муттаҳид менамояд. Қароргоҳи Созмон дар шаҳри Брюссели Белгия буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 ба узвияти он пазируфта шудааст.








Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид






