«ИСЁНИ АРӮСОН». Театри В. Маяковский намоиши «Исёни арӯсон»-ро дар таҳияи нав аз рӯи асари драматурги маъруфи Ӯзбекистон пешкаши ҳаводорон мегардонад

Апрель 12, 2018 15:21

ДУШАНБЕ, 12.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский намоиши «Исёни арӯсон»-ро аз рӯи асари нависанда ва драматурги маъруфи Ӯзбекистон Саид Аҳмад дар таҳияи коргардон Хуршед Мустафоев пешкаши  тамошобинон мегардонад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

… Ҳатто чунин як низои «дарозмуҳлат», ки байни хушдоману келин ба миён меояд, агар шумо ба он бо ҳаҷву шӯхӣ ва некӣ ҷавоб диҳед, он метавонад зуд  паси сар шавад.

Спектакли «Исёни арӯсон» маҳз дар ҳамин бора ҳикоят мекунад. Фармон-бибӣ, модари ҳафт писар ва чилу як набера, чунин сифатҳои ба ҳам зид дорад: ӯ модари ғамхор, бибии меҳрубон ва хушдомани ситамгар аст. Вале зарур аст, ки бо ӯ забон ёбӣ. Келини хурдӣ Нигора, ки иғвоангез ва ташкилкунандаи «исёни арӯсон» аст, тавонист дили модари шавҳар ва шаш нафар бародарони ӯро ба даст орад. Фармон-бибӣ худро дар симои қаҳрамони намоишҳои хонагӣ дида, дар пеши чашмҳо тағйир меёбад…

Саид Аҳмад Ҳусанхоҷаев нависанда ва драматурги машҳури Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон, Нависандаи халқии Ӯзбекистон, Корманди шоистаи санъати Ӯзбекистон, дорандаи  орденҳои «Барои хизмати шоиста» ва «Дӯстӣ» мебошад. Эҷодиёти худро бо тахаллуси адабии Саид Аҳмад нашр кардааст.

Саид Аҳмад соли 1920 дар шаҳри Тошканд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1937 Саид Аҳмад таҳсилро дар Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд идома медиҳад. Аз миёнаҳои солҳои 1930 ҳамчун журналист фаъолият карда, дар раванди муттаҳидкунонии ҷомеаи деҳот фаъолона иштирок намудааст. Дар охири солҳои 30-юм нахустин очеркҳои публисистӣ ва ҳикояҳои худро дар рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон», маҷаллаҳои «Муштум» ва «Шарқ Юлдузи» нашр мекунад.

Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои Саид Аҳмад — «Дар» соли 1940 нашр шуда, сипас маҷмӯаҳои «Дили ҷасур» (1942), «Ҳикояҳои Фарғона» (1948), «Муҳаббат» (1949) пайи ҳам чоп шуданд, ки маҳорату касбияти ӯро дар ҳикоянависӣ нишон медоданд.

Саид Аҳмадро бештар пйесаҳояш, бахусус «Исёни арӯсон» шӯҳратманд кард. Ин асар пас аз нашр номи Саид Аҳмадро дар радифи як қатор адибони классики Ӯзбекистон машҳури олам  гардонд.  Мазҳакаи «Исёни арӯсон»-и  Саид Аҳмад дар 14 мамлакат ба намоиш гузошта шуда, аз рӯи он аз тарафи студияҳои «Ӯзбекфилм» ва «Лаосск» ду филми мустанад наворбардорӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши «Исёни арӯсон»-и  Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский 15 апрели соли 2018, соати 14:00 дар бинои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (ошёнаи 3)  баргузор мегардад.

 

 

Апрель 12, 2018 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид