Дар Душанбе Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус бо иштироки доираҳои соҳибкории Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни кори анҷуман хабар медиҳад, дар он зиёда аз 400 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар оғози кори анҷуман Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода анҷуманро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиён ва меҳмононро ба ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт. Фаррух Ҳамрализода мақсад аз баргузор намудани ин анҷуманро ба роҳ мондани ҳамкории судманди иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати содироти минбаъдаи маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудаанд, арзёбӣ намуд.
Дар кори анҷуман ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои дахлдори ҳарду ҷониб, аз ҷумла, Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи байниҳукуматӣ Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, раиси Комиссияи байниҳукуматӣ Зайтс Леонид Константинович, Раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Улахович Владимир Евгеневич ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханронӣ ва ибрози андеша намуданд.
Зимни ибрози ақидаи хеш ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро муаррифӣ намуда, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии давлатҳоро матраҳ карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни кори анҷуман намояндаи соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон Чодури Муҳаммад Ҳорун зимни баёни андешаи худ Тоҷикистонро ба пуле миёни Ғарб ва Шарқ шабоҳат дода, мавҷудияти ин пулро басо муҳиму ҳаётӣ хонд.
«Бидуни Тоҷикистон Покистону Афғонистон наметавонанд тиҷорати худро дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба роҳ монанд, ки ин аз ҳама нукоти муҳим ба шумор меравад. Вақте пул, алалхусус роҳи нақлиётӣ вуҷуд дошта бошад, ҷойҳои корӣ пайдо мешаванд, мардум кор хоҳанд кард. Мо ҳамкории судманди хешро бо шарики худ Тоҷикистон хуб ба роҳ мондаем ва дар оянда низ умед аст, ки ин ҳамкорӣ густариш меёбад. Яке аз мисоли хуби ҳамкорӣ ба наздики ба истифода додани ширкати шарбатии «Манго» дар Хуҷанд, ки истеҳсоли шарбати гимолайи хешро ба роҳ мемонад, мебошад», — афзуд ӯ.
Дар қисмати аввали расмии чорабинӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларус 6 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Кори Анҷуман дар сессияҳои панелӣ идома ёфт. Аз ҷумла, дар сессияи панели якум мавзӯи «Иқтидори истеҳсолии Тоҷикистону Беларус: заминаҳои умумӣ» ва дар сессияи панели дуюм мавзӯи «Имкониятҳои рушди кишоварзии ҳарду кишвар-ҳамчун сарчашмаи маҳсулоти тозаи экологӣ» матраҳ карда шуданд.













Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд






