РОССИЯ — АРАБИСТОНИ САУДӢ 5:0. Дар ин бозӣ Далер Кузяев низ ба майдон баромад: ӯ нахустин бозингари решаҳояш аз Тоҷикистон аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 14.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Россия дар бозии нахустини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар варзишгоҳи «Лужникии»-и шаҳри Москва дастаи мунтахаби Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб намуд. Дар нимаи дуюми ин бозӣ Далер Кузяев низ ба майдон баромад