«Хоби ҳамдуна» дар Форуми байналхалқӣ «Барои беҳтарин кори режиссёрӣ» соҳиби диплом гардид
ДУШАНБЕ, 4.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Севастопол тантанаи пӯшидашавӣ ва супоридани дипломҳо ба ғолибони Форуми байналхалқии кино «Золотой Витяз» баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, филми «Хоби ҳамдуна»-и коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов дар бахши «Филмҳои дебютӣ ва донишҷӯӣ» сазовори диплом «Барои беҳтарин кори режиссёрӣ» гардид.
Ёдовар мешавем, ки филми «Хоби ҳамдуна» соли 2016 аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс дар жанри мастика ба навор гирифта шудааст. Соли 2017 ба ҳунарпеша Баҳодур Миралибеков барои нақши асосӣ дар филми мазкур дар озмуни «Ак илбирс» (Қирғизистон) ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи Осиёи Марказӣ» супорида шуда буд. Инчунин ҳамон сол филми «Хоби ҳамдуна» дар кинофестивали «Адабиёт ва кино» («Литература и кино») дар Гатчина ду ҷоиза ба даст оварда буд.
Филми мазкур дар ноҳияи Варзоб ва баъзе маҳалҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 90 дақиқа ба навор гирифта шудааст.
Ҳадаф аз навори филм даъвати ҷавонон ба роҳи рост ва илмомӯзист, то ба ҳар гуна хурофотпарастӣ дода нашаванд.








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






