Шамсиддин Орумбекзода: «Ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг Барномаи давлатӣ қабул гардид ва мавриди иҷро қарор дорад»

Июль 27, 2018 17:16

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг аз ҷониби Вазорати фарҳанг Барномаи давлатии тайёр кардани мутухассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 таҳия гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти вазир, барнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дар айни замон таҳти  иҷро қарор дорад.

Вазири фарҳанг инчунин афзуд, ки ҳамасола теъдоди зиёди квотаҳо барои минтақахои дурдаст ҷудо мегарданд, ки соли равон 439 нафар танҳо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудаанд. «Норасоии кадрҳо воқеан ҳам ба назар мерасад. Дар ин самт Барномаи «Устод ва шогирд» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаст. Дар айни замон тасмим гирифтем, ки байни мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, Донишкадаҳо ва худи Вазорат шартномаи сетарафа ба имзо расонем ва донишҷӯёне, ки ин муассисаҳоро хатм мекунад, ба ҷои кор таъмин намоем»,- гуфт Шамсиддин Орумбекзода.

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов курсҳои такмили ихтисос  ташкил гардида, мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи фарҳанг омода менамояд.

Июль 27, 2018 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд