БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАРХИ СИМКОРТҲО БА НАФЪИ ХУДИ ҶОМЕА АСТ. Шореҳи АМИТ «Ховар» бо намояндаи масъули Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар ВАО-и дохиливу хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ 250 сомонӣ муқаррар шудани нархи як симкорти телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Ҳол он ки масъулони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ҳеҷ ҷои нигаронӣ нест, зеро ин иқдом ба хотири таъмини амнияти худи сокинон ва пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо гирифта шудааст. Қарор аст, ки ин иқдом аз 1 сентябри соли равон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ вазифадоранд, ки симкортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.
Шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди ХОВАР бо намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаюм ИСОЕВ суҳбат анҷом дод ва аз ӯ дархост кард, то ин иқдомро шарҳ диҳад:
Абдуқаюм Исоев: Иқдоми ба 250 сомонӣ расонидани нархи як симкорт сабаби ба низом надаромадани симкортҳо ва бемеъёр истифода бурдани онҳо мебошад. Аз сабаби он ки нархи як симкорт хеле паст аст, истифодабарандагон ҳар вақте хоҳанд гирифта ва баъд аз чанде онро мепартоянд ё барои дигар корҳои ношоям истифода мекунанд.
Ташаббуси ба 250 сомонӣ баланд бардоштани нархи як симкорт барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва тартиботи ҷамъиятӣ гирифта шудааст.
Бинобар сабаби нархи пасти симкортҳо дар Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Афғонистон симкортҳои зиёде аз ширкатҳои мобилии мо истифода бурда мешаванд. Фоҷиаи нисбат ба сайёҳони хориҷӣ, ки чанде пеш дар ҷануби Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, инро собит кард.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки барои ба танзим даровардани симкортҳои алоқаи мобилӣ барои амнияти давлату Ҳукумат, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, бартараф кардани ҷиноятҳои ошкоршуда нархи симкортҳоро баланд бардоштан ба мақсад мувофиқ аст, то ҳар як шаҳрванд тавонад аз симкортҳо ба таври дуруст истифода кунад.
Хоҳем ё нахоҳем мо барои амнияти давлату миллат бояд, ки тадбирҳои дахлдор андешем. 250 сомонӣ танҳо нархи як симкорт нест — ин маблағ ҳам барои харидории худи симкорт ва ҳам барои бақайдгирӣ ва ғайра пардохт карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Баъзе расонаҳои хориҷӣ навиштаанд, ки нархи 250 сомонӣ ҳадди ниҳоӣ набуда, бар асоси бархе аз пешниҳодҳо дар оянда эҳтимоли зина ба зина боло рафтани нархи симкорт дар Тоҷикистон дар назар аст. Оё ин дуруст аст?
Абдуқаюм Исоев: Дар масъалаи нархи симкорт ва арзиши он бо ваколатдори соҳа – Хадамоти зиддиинҳисорӣ машварат мешавад. Ҳар як ширкати мобилӣ бизнес-план ё нақшаи тиҷоратӣ дорад ва нархгузориро ҳатман бо мақомоти ваколатдор мувофиқа мекунад.
АМИТ «Ховар»: Аллакай ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мизоҷонро огоҳ кардаанд, ки фурӯш ва бақайдгирии дубораи симкортҳо аз 1 сентябр ба ивази 250 сомонӣ амалӣ мешавад. Бархе аз мизоҷон дар Тоҷикистон, ки ба номашон беш аз ду симкорт доранд, паёмак гирифтаанд, то ҳар симкортро бевосита ба номи нафаре сабт кунад ва онро як нафар истифода намояд. Аз мизоҷон дархост шудааст, ки то 1 сентябр ба наздиктарин нуқтаи хизматрасонӣ ҳозир шаванд ва ин корро кунанд, вагарна баъди ин сана арзиши сабти дубораю бақайдгирӣ 250 сомониро ташкил хоҳад дод…
Абдуқаюм Исоев: Бори дигар такрор мекунам, ки 250 сомонӣ танҳо нархи як симкорт нест. Ин нарх барои чанд намуди хизматрасонӣ муайян шудаааст, ки ҷамъ 250 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар ҳоли ҳозир байни мақомоти дахлдор ва ширкатҳои мобилӣ гуфтугӯ ҷараён дорад ва дар сурати дақиқ шудани нарх арзиши он маълум мешавад.
АМИТ «Ховар»: Пас аз он ки ин иқдом дар расонаҳо матраҳ шуд ва расонаҳои хориҷӣ бештар ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карданд, оё сокинон ба Хадамоти алоқа муроҷиат карданд?
Абдуқаюм Исоев: То ҳозир аз ҷониби сокинон муроҷиате ба Хадамоти алоқа ворид нашудааст. Дар сурати ворид шудан Хадамоти алоқа онро баррасӣ мекунад. Лекин моро зарур аст, пеш аз ҳама, амнияти давлату Ҳукуматро андеша кунем ва чораҳои лозимиро рӯи даст гирем. Дар сурати ба миён омадани зарурат мо иқдоми боло рафтани нархи симкортҳоро дастгирӣ мекунем.
АМИТ «Ховар»: Баъзе таҳлилгарон навиштаанд, ки иқдоми нави Хадамоти алоқа зарбаи ҷиддӣ ба ҷайби сокинон, алалхусус муҳоҷирон аст. Зеро муҳоҷирон ҳар боре аз муҳоҷират бармегарданд, маҷбур мешаванд, ки симкорташонро нав кунанд. Назари шумо чӣ аст?
Абдуқаюм Исоев: Чӣ муҳоҷир ва чӣ шаҳрванди оддӣ дар як сол аз 4 то 10 симкортро истифода карда мепартояд. Агар онҳо як симкорт гиранду солҳо истифода кунанд, ҳеҷ зараре ба ҷайби онҳо ворид намешавад.
Тибқи талаботи қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016, муҳоҷирон метавонанд симкортро дар ширкати мобилӣ ба қайд гирифта, дар сурати ба муҳоҷират рафтан онро муваққатан қатъ намоянд. Пас аз бозгашт боз ҳамон симкортро фаъол карда, истифода кунанд.
АМИТ «Ховар»: Чӣ бояд кард, то дар кишварамон харидорӣ ва истифодабарии симкортҳо дуруст ва то охир ба танзим дароварда шавад?
Абдуқаюм Исоев: Барои ба танзим даровардани симкортҳо дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2016 Қарори Ҳукумат ба тасвиб расид, ки дар асоси он ҳар шаҳрванд симкорташро ба қайд гирифта, истифода мекунад. Дар ин самт барои ба танзим даровардани симкортҳо Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор як қатор корҳоро амалӣ карда истодаанд.
Аз ҷумла, дар байни шаҳрвандон доир ба тарзи истифодабарӣ ва хариди симкортҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар вохӯриҳо ба шаҳрвандон таъкид мегардад, ки аз як симкорти қонунӣ истифода баранд, зеро ин пеш аз ҳама ба нафъи онҳо мебошад.








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






