ИДГАРДАК. Он дар шакле, ки ҳоло гузаронида мешавад, ба Ислом ва анъанаҳои миллии мо ҳеҷ рабте надорад

Август 2, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа таъкид намуда буданд: «Мардум ба ҷойи корҳои дуввумдараҷа ба амалҳои хайру савоб, аз қабили кумак кардан ба хешу табори наздики ниёзманд, таъмири хона, дару бом ва расонидани ёрмандӣ ба онҳо барои пурра кардани маводи рӯзгор, таъмиру тармими роҳ, мактаб, китобхона, беморхона ё бунгоҳи саломатии деҳаи худ машғул шаванд».

Пас аз чанд муддат Иди Қурбон фаро мерасад ва одамон, махсусан кӯдакону наврасон  боз ба идгардак мебароянд. Идгардак, ба пиндошти мардуми оддӣ, ҷашни мазҳабиест, ки ҳар сол ду маротиба дар рӯзҳои Иди Фитр ва Иди Қурбон  гузаронида  мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон субҳи барвақт хеста, дар даст халта  хона ба хона, кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла мегарданд, идро табрик мегӯянд ва бар ивази он аз соҳибхона туҳфа мегиранд.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки ин оин ҷанбаи манфие надошта, барои хурсандии кӯдакон аст. Аммо вақтҳои охир, махсусан дар арафаи Иди Фитр ва Иди Қурбон шеваи имрӯзаи таҷлили идгардак байни равшанфикрон, донишмандон ва ҳам рӯҳониёни кишвар баҳсҳои зиёдро ба миён меорад. Ҳарчанд ҳамаи онҳо андешаҳои худро баён мекунанду паҳлӯҳои гуногуни таҷлили идгардакро мавриди таҳлил қарор медиҳанд, лекин аксари онҳо хулосаи якранг пешниҳод менамоянд:   имрӯз идгардак бояд танзим карда шавад.

Баъзе аз нафарон иддао доранд, ки идгардак маросими сирф исломӣ аст. Аммо омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ин андеша ғалат буда, идгардак бо номҳои дигар пеш аз ислом ҳам таҷлил карда мешудааст ва анъанаи миллии мардуми бумӣ будааст. Анъанае, ки ба идгардаки имрӯза ҳеҷ рабте надорад.

Фолклоршиноси шинохтаи тоҷик Рӯзӣ Аҳмадов, ки дар мавзӯи маросимҳои миллии халқҳои Осиёи Миёна таҳқиқоти густурда анҷом додааст, чунин иброз намуд: «Идгардаке, ки имрӯз дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон мекунанд, ба анъанаҳои миллии тоҷикон ҳеҷ рабте надорад. Идгардак дар замонҳои қадим ҳам таҷлил карда мешуд, аммо зери ин мафҳум ҳамон маросимеро дар назар дорам, ки дар арафаи Наврӯз доир менамуданд. Он вақт духтарон ва дар баъзе манотиқ бачаҳо ҳам ба хонаҳои рафиқонашон мерафтанд, сурудхонӣ мекарданд, хушҳолӣ менамуданд. Баъдан, аввали баҳор кӯдакон идгардак мекарданд, ки онро иди Гулгардон ё Бойчечак ҳам мегӯянд. Кӯдакон гули бойчечак ё баҳманро аз кӯҳу адирҳо пайдо карда, ба хонаи хешу табори худ ва ҳамсояҳо мерафтанд ва аз омадани баҳор мужда расонида, шеър қироат мекарданд. Бар ивази он, пирони хонадон ба онҳо ширинӣ тақдим менамуданд».

Мавриди зикр аст, ки идҳои Гулгардон ва Бойчечак дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Бойчечак дар шаҳрҳои қадимаи вилояти Суғд ва Гулгардон дар Бадахшон ҳоло ҳам таҷлил мегардад. Пас Идгардаке, ки имрӯз кӯдакон дар арафаи идҳои исломӣ таҷлил менамоянд, чӣ гуна шакл гирифтааст? Рӯзӣ Аҳмадов мегӯяд, ки солҳои пеш анъанаи ба таври оммавӣ ва ба ҳар хона гаштани кӯдакон роиҷ набуд. Ин солҳои охир пайдо шудааст ва ҷанбаи таърихӣ ва фарҳангӣ надорад.

«Фикр мекунам, ки ин натиҷаи беаҳмиятии волидон ва бетарафии ҷомеа аст, ки кӯдакон дар арафаи идҳои исломӣ идгардакро ба таври хеле дағал таҷлил менамоянд»,-мегӯяд Рӯзӣ Аҳмадов.

Сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Мавлонов низ идгардакро ба шевае, ки имрӯз таҷлил мегардад, ба дин ё мазҳаб рабт намедиҳад. Ӯ мегӯяд, ки идгардак ҳарчанд дар рӯзҳои идҳо исломӣ аст сурат мегирад, аммо ба он шакле, ки имрӯз  гузаронида мешавад, ҳеҷ рабте ба дину мазҳаб надорад ва натиҷаи  беэътиноӣ ва ноогоҳии  ҷомеа, махсусан волидон аст. «Пештар дар рӯзҳои ид мардум барои изҳори ҳамдардӣ ба як-ду хонадоне, ки онҷо таъзия бошад, рафта дуо мекарданд. Имрӯз бошад одамон – занону мардон тӯда-тӯда қариб ба ҳар як хонавода ташриф меоранд. Як гурӯҳро гусел накарда, аллакай гурӯҳи дигар меояд. Дар ин ҳолат соҳиби хона маҷбур аст, ки барои меҳмонони нохонда дастурхони идона орояд, новобаста аз он ки шароит дорад ё не!».

Ба андешаи диншиноси тоҷик, ин рафтори волидон ба кӯдакон таъсири худро мерасонад. Вақте кӯдакон мебинанд, ки волидони онҳо худ аз субҳ хона ба хонаи одамон мегарданд, чунин бардошт ҳосил мекунанд, ки ин рафтори волидон табиӣ ва дуруст аст. Дар чунин ҳолат, хулоса мебароранд, ки хона ба хонаи одамон рафта, пуфаку сақич ҷамъ кардани онҳо низ дуруст аст. Абдураҳмон Мавлонов ин гуна бардошт ва рафтори кӯдаконро комилан ғалат меҳисобад ва таъкид мекунад, ки он дар тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

«Кӯдакон хона ба хона, маҳалла ба маҳалла, рӯзи дароз овораву саргардон, дар назди дари мардум бо дасти дароз ва халтаҳои худ, агар гӯем талбандагӣ мекунанд, хато намешавад. Гурӯҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он ки худ саводи динӣ надоранд, сураи фотиҳаро ғалат азёд карда, ба ин васила пул кор мекунанд. Чунин рафтор аз хурдӣ дар замири фарзандон ҳисси талбандагӣ, бе меҳнат ба даст овардани маблағро бедор мекунад»,-мегӯяд Абдураҳмон Мавлонов.

Ба хонаи хешу табор рафтан ва онҳоро бо ид табрик карда, ҳамчун туҳфа ширинӣ ё тухм гирифтан дар адёни дигар низ дида мешавад. Аммо он аз идгардаке, ки имрӯз таҷлил карда мешавад, куллан фарқ менамояд.

Ховаршиноси маъруфи тоҷик, профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Зафар Мирзоён ба гузаштаи мардуми тоҷик таваҷҷуҳ карда, аз оини Зардуштӣ мисол меорад, ки одамон субҳи барвақт аз хоб хеста, худро покиза мекарданд ва ба хабаргирии пайвандон мерафтанд. Волидон ба фарзандони худ ҳар гуна шириниҳо пухта медоданд, то ба хонаи хешовандон – бобову бибӣ, аммаву тағо баранд ва бо ин баҳона аз ҳоли онҳо хабар гиранд. Дар навбати худ, калонсолон ба кӯдакон тухми рангкардашуда ё ягон ширинӣ медоданд.

«Имрӯз мардуми минтақаҳои ҷануб ва маркази Тоҷикистон Идгардакро ба шакле таҷлил мекунанд, ки қобили қабул нест. Аввалан, ба равони кӯдак таъсири хуб намегузорад. Кӯдакон шояд дарк накунанд, аммо волидон бояд инро донанд. Баъдан, он туҳфаҳо – пуфаку сақиче, ки дар ин рӯз ба кӯдакон медиҳанд, ба саломатии онҳо танҳо зарар мерасонаду халос. Агар кӯдакон ҳамроҳи падару модар   ба хонаи бобою бибӣ ва дигар хешу табори наздики худ раванд ва аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шаванд, ба ҷойи сақичу пуфаки хитоӣ шириниҳои дастӣ пухташударо бигиранд, беҳтар аст»,-зикр мекунад Зафар Мирзоён.

Ин ховаршиноси маъруф аз таҷрибаи чанд сол пеш озмудаи худ нақл кард, ки хеле аҷиб ва пандомез аст: «Чанд сол пеш бо ҳамсарам маслиҳат кардем ва ба кӯдакон ба ҷойи сақичу пуфаки хитоӣ қаламу дафтар туҳфа намудем. Фикр мекунам, ин хубтар аст. Ин кӯдаконро ба сӯйи илму маърифат ҳидоят менамояд».

Пешниҳоди хуб аст, зеро бо ин роҳ кӯдак аз хурдӣ ба илму маърифат рӯ меорад ва одати бади ҳамеша «дар ғами шикам» буданро аз байн мебарад.

Самуҳаррири нашрияи «Ганҷи ороста»-и шаҳри Истаравшан, шоира Раъно Зоирдухт, ки бо фарҳангу анъанаҳои қадимаи ин шаҳри бостонӣ ошност, мегӯяд, ки Идгардаке, ки дар идҳои исломӣ баргузор мешавад, дар вилояти Суғд таҷлил карда намешавад. Як рӯз пеш аз ид, аксари мардум ош мепазанд ва ба хонаи хешу табор ва ҳамсояҳои худ мефиристанд. Солҳои охир ин анъана каме тағйир ёфта, одамон кӯшиш мекунанд, ки ош пухта ба нафарони камбизоати ҳаммаҳалли худ диҳанд. Рӯзи ид мардум асосан ба оромгоҳҳо меравад, дуо мехонад ва гирду атрофи онро тоза мекунад. Баъд ба аёдати беморон ва пиронсолони деҳу маҳалла мераванд».

Ба андешаи равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирзода, идгардаке, ки имрӯз кӯдакон таҷлил менамоянд, ба равони онҳо таъсири манфӣ мерасонад: «Ҳар зуҳуроте, ки хусусияти оммавӣ дорад, хатарҳоро низ дошта метавонад. Имрӯз кӯдакон ба таври идоранашаванда ба хонаи ҳар нафар мераванд. Ҳатто аз як кунҷи шаҳр ба кунҷи дигари он рафта, сақич ҷамъ мекунанд. Онҳо рӯзи дароз бе назорат мемонанд ва ҳар коре мехоҳанд иҷро мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанде пеш дар бораи як садамаи марговар дар рӯзи иди Рамазон хабар дод. Бино ба ин манбаъ, «15 июни соли 2018, соати 11:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Сатторов Саъдулло, соли таваллудаш 1940, сокини деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ховалинг-Восеъ, дар ҳудуди деҳаи Ғелот аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол, Абубакри Иброҳим, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи Ғелотро пахш кардааст.

Ғайр аз ин, ин маросим метавонад дар замири онҳо ҳисси талбандагиро бедор кунад. Бе меҳнат ба даст овардани маблағро меомӯзонад. Кӯдакон аслан хислати манфиро тезтар қабул мекунанд. Аз ин сабаб, онҳоро бояд бештар назорат кунем ва тарбия намоем. Волидон бояд барои онҳо намуна бошанд. Аз ин сабаб, беҳтар мебуд, ки идгардак ба танзим дароварда шавад ва дар доираи оила ва хешу табори наздик баргузор карда шавад. Ин метавонад меҳру муҳаббатро афзун намояд ва кӯдакро аз хурди талқин намояд, ки аз ҳолу аҳволи пайвандон хабар гирифтан лозим аст».

Паҳлӯи дигари масъала, зарари «туҳфа»-и ин маросим аст, ки бештари сокинон ба он таваҷҷуҳ намекунанд. Тадқиқотҳои олимони хориҷӣ маълум кардааст, ки сақич ба саломатии инсон зарар дорад. Истифодаи зиёди он касро ба бемориҳои меъда, дандон ва ҳатто сустшавии хотира оварда мерасонад. Зеро таркиби сақич, махсусан сақичҳои пастсифати чинӣ аз моддаҳои кимиёвӣ иборат буда, ба саломатии одам зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ҷумла, Ҷон Олни, асабшиноси машҳури амрикоӣ исбот кардааст, ки истифода аз сақич барои кӯдакон бештар зарар дорад. Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми истифода аз сақич асаби кӯдакон ба таври муназзам фаъолият намекунад. Аз ин сабаб, барои кӯдакони то 4-сола истифода аз сақичро умуман манъ кардааст.

Албатта, муаррифии моҳияти идгардак ва ба танзим даровардани он кори ҳар як фарди огоҳ аст, аммо зиёиён, муҳаққиқон ва рӯҳониёни кишвар метавонанд дар ин самт нақши бештар дошта бошанд. Зеро онҳо мавзӯи матраҳшударо бештар дарк мекунанд ва андешаҳояшон дар ҷомеа таъсири бештар дорад.

Абдураҳмон Мавлонов пешниҳод дорад, ки бояд аз ҳозир кӯдаконро фаҳмонид ва насиҳат кард, ки ин кори хуб нест. Агар ба як-ду хонаи хешовандон раванд ва он ҳам барои аз ҳолу аҳволи онҳо хабаргирӣ, кифоя аст. Беҳтар аст, ки кӯдакон бештар бо таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Раъно Зоирдухт мегӯяд, ки беҳтар мебуд волидон барои кӯдакон туҳфаҳо омода кунанд ва рӯзи ид тақдим намоянд. Шарт нест, ки туҳфа гарон бошад. Кӯдакон бояд одат кунанд, ки дар рӯзи ид аз волидони худ туҳфа мегиранд ё сайру гашт мераванд. Ӯ мегӯяд, ки маросими Гулгардонӣ ё тавре дар Истаравшан мегӯянд Бойчечакро бояд аз нав зинда кард. Аммо ба шарте, ки дар доираи оила ва хешу табори наздик бошад.

Зафари Мирзоён ҳам ин пешниҳодро ҷонибдорӣ менамояд ва мегӯяд, ки Гулгардониро дар айёми Наврӯз  бояд зинда кунем, аммо боз ҳам дар доираи хешу табори худ.

Тавре аз мулоҳизаҳои коршиносон бармеояд, идгардак ба шевае, ки имрӯз таҷлил мегардад, ба фарҳанг, анъана ва расму оини тоҷикон хос набуда, балки таҳмилшуда аст. Инчунин, он бо шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ низ созгор нест. Сабаби ин ҳама хурофоту исрофкориҳо натиҷаи дур шудан аз илму маърифат ва надонистани таъриху тамаддуни худ аст.

Аз ин сабаб, имрӯз зарурат пеш омадааст, ки моҳияти идгардак, ки ҳамчун иди мазҳабӣ муаррифӣ карда мешавад, ба мардум дуруст фаҳмонида шуда, тарзи таҷлили он ба танзим дароварда шавад. Ба таври идоранашаванда  хона ба хона гаштани  кӯдакон ва ҷамъ кардани пуфаку сақич ва шириниҳои пастсифати барои саломатиашон зарароварро барҳам дода, таҷлили идгардакро мутобиқ ба анъанаҳои неки ниёкон ба роҳ мондан  зарур аст.

 

Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Август 2, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад