ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар ноҳияи Данғара дар муддати се сол 190 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд!

Сентябрь 5, 2018 14:36

ДУШАНБЕ, 05.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 апрели соли равон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ доданд, ки ба ифтихори  30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави  мамлакат ҳамаҷониба густариш бахшанд.

Тибқи супориши Сарвари давлат ҷиҳати  дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ  дар ҳар як маҳалла ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабу китобхонаҳо, беморхона, корхонаҳои истеҳсоливу дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти оммавӣ,  ҳаммом, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн сохта, ба истифода дода мешаванд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    гурӯҳҳои кории  ҳукуматӣ таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда  шудаанд. Дар ноҳияи Данғара роҳбарии гурӯҳи кориро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» гузориш медиҳанд.

Таомули савоб

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12-уми маи соли равон чунин мисоли ҳикматомез ва ибратангез оварданд: дар замонҳои гузашта дар байни мардуми мо, алалхусус, шахсони доро таомули савобе буд, ки дар биёбон ва роҳҳои корвонгузар чоҳи об меканданд, корвонсаройҳо месохтанд ва бо чунин амали худ мушкили роҳгузару мусофиронро осон мекарданд. Яъне амали хайреро ба иҷро мерасониданд, ки қадри он дар назди Худованд аз ҳаҷҷи акбар камтар нест. Чунин корҳои  хайру савоб,  аз ҷумла ба ягон маҳалли аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан,  бино ба таъкиди Имом Абӯҳанифа,  ба ҳафтод амали фарзӣ  баробар будааст.

Мо ба самараи чунин амалҳои хайру савоб дар ноҳияи Данғара аз наздик шинос шуда, ба мақомот ва идораю ташкилоти гуногун, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони саҳмгузор аҳсант мехондем.

190 иншооти ҷашнӣ

Аз 186 нафар шахси масъул, ки  бунёди  190 иншоотро ба зимма гирифтаанд, 92 нафар сохтмонро оғоз карда, барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ ба 40 нафар қитъаи замин интихоб ва ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, 50 нафар ба корҳои омодагӣ машғуланд. Аз 190 иншооти ба нақша гирифташуда дар 8 иншоот кор аллакай ба анҷом расидааст.

Рӯйхати иншооти ҷашнӣ аз 31  мактаб, 6 боғчаи бачагона, 4 беморхона, 8 маркази саломатӣ, 6 бунгоҳи тиббӣ, 2 таваллудхона, 33 ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, 4 меҳмонхона, 3 сехи дӯзандагӣ, 29 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 5 корхонаи истеҳсолӣ, 14 майдончаи варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 4 хати оби нӯшиданӣ, 3 клуб, 9 иншооти барқӣ, 25 иншооти вобаста ба роҳ, 1 аквапарк ва 2 боғи фарҳангӣ  иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар қисми зиёди онҳо аллакай оғоз шудаанд.

Мумфарш намудани роҳҳои ҳудуди ноҳия бомаром идома дошта, дар маҷмӯъ, 78,86 километр роҳ бунёд мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳия дар баробари иншооти номбурда 11  иншооти дигар  аз ҷониби вазорату идораҳо ва соҳибкорон ба муносибати таҷлили   30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мешавад. Аз ҷумла, сохтмони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ «СТС-иншоот» мебошад. Сохтмони ин иншоот соли 2015 оғоз гардида, 35 нафар бо кор таъминанд. Тибқи лоиҳа, он бояд соли 2019 ба истифода дода шавад.

Дар баробари омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия ба ифтихори 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ низ аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ, ширкатҳои хориҷӣ ва соҳибкорон як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, бинои нави коллеҷи тиббӣ барои 700 донишҷӯ, ки бо маблағи зиёда аз 22 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ду бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони ҶСП «Ҷунтай — Данғара син силу Текстил», ба истифода додани навбати дуюми сехи ресандагии ҶСП «Ҷунтай — Данғара син силу Текстил», сохтмони бинои маъмурӣ ва корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна, корхонаи истеҳсоли канструксияҳои металӣ ва корхонаи истеҳсоли қубурҳои полителинӣ дар «Минтақаи озоди иқдисодӣ» — и Данғара, сохтмони зеристгоҳи барқии бо иқтидори 110 кВт дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур, корхонаи маводи пиротехникии эмулсионӣ дар деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти Пушинг ва корхонаи истеҳсоли маводи бандубасти тиббӣ ва  косметологӣ дар назар аст.

Пушинг – дар сафи пеш

Шумораи иншооти ҷашнӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Пушинг дар байни дигар ҷамоатҳо дар сафи пеши ободкорӣ қарор доранд. Аз файзи корҳои созандагӣ дар ду — се соли охир Пушинг симои дигар гирифтааст. Роҳҳои замонавӣ, ки қисме аз буҷети давлатӣ ва қисме аз ҷониби соҳибкорони бонангу  номуси маҳаллӣ бунёд ёфтаанд ва ҳам мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдои «Пушинг» мушкили сокинонро осон кардаанд.

Ҷумъахон Баҳоваддинов, раиси Ҷамоати деҳоти Пушинг, зимни суҳбат гуфт, ки сохтмони маркази савдои «Пушинг» соли 2016 оғоз шуда, моҳи марти соли 2017 ба истифода дода шудааст. Ин марказ, ки бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст, аз дӯкони дӯзандагӣ, толори варзишӣ, кошонаи ҳусн, филиали БДА «Амонатбонк», сартарошхона, ҳаммом, маркази адрасбофӣ, нонвойхона, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва либос иборат мебошад. Дар маркази адрасбофӣ 10 адад дастгоҳ насб гардидааст, ки занону духтарони маҳаллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, соҳиби касб мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар маркази савдои «Пушинг» 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. Сокинони маҳаллӣ аз рафти корҳои ободонӣ дар ҷамоат истиқбол карда, ба Пешвои миллат    ва соҳибкорони хайрхоҳ аҳсану офарин мегӯянд ва аз ин пешравиҳо шукргузоранд.

Тағойназар Бақоев, сокини деҳаи Пушинг, дар суҳбат, аз ҷумла, гуфт: «Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз корҳои созандагӣ бо маром идома дошта, иншооти наву ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истифода дода  мешаванд. Дар Ҷамоати деҳоти Пушинг низ давоми солҳои истиқлолият корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, мактабу марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим  мавриди  истифода қарор дода шуданд. Дар маркази савдои «Пушинг», ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ  бунёд шудааст, ҳаммоми замонавӣ фаъолият мекунад, ки барои мо — нафақахӯрон ва пирони деҳа истифода аз он  ройгон аст. Дар деҳа инчунин сохтмони бинои дуошёнаи мактаб идома дорад».

Обанбори деҳаи Пушинг, ки дар натиҷаи омадани сел пур аз лой буд, дубора барқарор гардид. Ба гуфтаи Ашраф Тағоев, раиси маҳаллаи деҳаи Пушинг, масоҳати обанбор 6 гектар буда, чуқуриаш аз 6 то 8 метр мебошад. Дар атрофи он 3500 бех ниҳоли ҳамешасабз ва ороишӣ шинонда шудааст. Дар атрофи обанбор роҳрав сохта шуда, беш аз 150 лавҳаи шеъру суханони пандомӯзи бузургон насб гардидааст. Барои сайру гашти сокинон 4 адад ҷуфткиштӣ оварда шудааст. Дар гирди обанбор, ки беҳтарин мавзеъ барои фароғати сокинон аст, нишастгоҳҳои вижа, кат ва айвончаҳои бо тарҳи миллӣ сохташуда, гузошта шудаанд. Барои ба варзиш машғул шудани хоҳишмандон дар саҳни он дастгоҳҳои машқу тамрин насб гардида, дар саҳни обанбор корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ба хотири ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар обанбор 45 ҳазор моҳӣ сар дода шудааст.

Бино ба маълумоти Ҷумъахон Баҳоваддинов, раиси Ҷамоати деҳоти Пушинг, дар деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 480 ҷои нишаст, муассисаи томактабӣ ва таваллудхона идома дорад. Соҳибкор Искандар Раҷабзода ба иваз намудани пояҳои барқӣ ва таъмиру мумфарш намудани роҳҳои байни деҳа иқдом гирифтааст. Дар деҳаи Ғиҷовак соҳибкор Абдулфатоҳи Ғоиб сохтмони беморхонаи панҷошёна, маркази барқарорсозии саломатӣ, чойхонаи замонавӣ, маҷмааи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммому сартарошхона ва кошонаи ҳусн, китобхона, боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва мумфарш намудани 1,5 километр роҳро оғоз кардааст. Дар деҳаи Алиҷон аз ҷониби соҳибкор Қодир Муҳаммадиев 4,5 километр роҳи деҳа навсозӣ шуд. Дар ин деҳа соҳибкор Зафар Маҳмадиев сохтмони маркази хизмати маиширо шурӯъ кардааст. Соҳибкор Ғолиб Убайдуллозода дар деҳаи Алиҷон 50 адад пояи барқиро иваз намуд. Дар деҳаи Дилнишин бунёди муассисаи таълимӣ барои 240 хонанда, дар деҳаи Моҳпора аз тарафи соҳибкор Рустам Бобоев сохтмони мактаб барои 240 ҷой нишаст оғоз гардид. Дар деҳаи Оличадара соҳибкори маҳаллӣ Сайфиддин Аслиддинзода сохтмони муассисаи таълимии иборат аз 6 синфхонаро барои 140 ҷойи нишаст сохта истодааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то имрӯз 11 километр роҳи асосии ҷамоат то маркази ноҳия мумфарш гашт.

Ҷабҳаи бузурги созандагӣ

Дар маҷмӯъ, вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара азм доранд, ки ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, симои ин гӯшаи диёри азизи хешро тарҳи тозаву нав бахшанд.

Имрӯз ноҳияи Данғара, чун дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ба як майдон ё ҷабҳаи бузурги созандагӣ мубаддал гардидааст! Тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳимон дар давоми се соли дарпешистода дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ  сохта, ба истифода дода мешаванд.

Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ бояд анҷом дода шаванд.

Супоришу дастури  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои навбатии бунёдкоронаи Сарвари давлат  маҳсуб мешаванд, ки ҳадафи онҳо – ба таври куллӣ ва замонавӣ дигаргун сохтани симои деҳоти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар деҳот ва наздик сохтани он ба шароити шаҳр  мебошад. Дар ин бора Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар чунин иброз доштанд: «Мехоҳам таъкид намоям, ки анҷом додани корҳои зикршуда, аз як тараф ба рафъи бисёр мушкилоти иҷтимоӣ, боз ҳам ободу зебо гардидани ҳамаи гӯшаҳои Ватани азизамон мусоидат мекунад ва аз сӯи дигар, бо ҳамин роҳ барои наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози халқи тоҷик шароити беҳтарини таълиму тарбия ва ба мардуми кишвар имкониятҳои замонавии хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ муҳайё карда мешаванд…».

P.S. АМИТ  «Ховар» аз ҷараёни корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ гузориш хоҳад дод.

 

Сентябрь 5, 2018 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони ноҳияи Муъминобод пул месозанд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати Турдии ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 15 км роҳи маҳаллӣ сангфарш гардид
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад