МЕҲРОБҲОИ ДАВРАИ ЗАРДУШТӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ. Дар ин бора ва дигар иқтидорҳои сайёҳӣ дар конфронси илмӣ-амалӣ гуфта шуд

Сентябрь 29, 2018 11:41

ДУШАНБЕ, 01.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ  дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Имкониятҳо ва мушкилоти соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб» доир гардид.

Пеш аз ифтитоҳи конфронс меҳмонон аз намоишҳои расмҳо, дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ ва китобҳои омода намудаи кормандони китобхонаи вилоятӣ боздид намуданд. Конфронсро директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Саймуҳаммад Обидов ифтитоҳ намуд. Дар конфронс директори Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Ҳотам Асозода, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон баромадкунандагон оид ба имкониятҳои мавҷуда ва мушкилоти соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб ибрози андеша намуданд.

Дар конфронс зикр гардид, ки дар минтақаи Кӯлоб меҳробҳои калисоҳои даврони зардуштӣ, ки ҳазорҳо сол пеш дар онҳо оташи муқаддас фурӯзон буд, бозёфт гардидаанд. Боздид аз мақбараҳои олимони давраи зардуштӣ ва исломӣ, ҳамсафон ва авлоди пайғамбар Муҳаммад (с), ки дар ҳудуди ин ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон ҷойгиранд, наметавонанд дӯстдорони асотир ва афсонаҳои қадимиро бетараф гузоранд. Шаҳри Кӯлоб, инчунин ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Восеъ, Мӯъминобод ва Шӯрообод ёдгориҳои ҷолибе доранд, ки барои наслҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ёдгории таърихии Ҳулбук (асрҳои 9-11), мақбараҳои Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ (асри 14), Шақиқи Балхӣ (асри 9), Шоҳ Неъматуллои Валӣ (асри 14), Султон Увайси Қаранӣ (асри 7), инчунин Водии Сари Хосор, кӯҳҳои намаки Хоҷа Мӯъмин, кӯҳҳои зебои Чилдухтарон таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва роҳбарияти шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб дар шуъбаи иттилоотии Китобхона «Маркази иттилооти рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб» кушода шуд. Мақсади ин марказ он аст, ки муштариён ва меҳмонон метавонанд ҳамарӯза аз ин марказ истифода намуда, маълумоти заруриро оид ба соҳаи сайёҳӣ дастрас намоянд.

 

 

Сентябрь 29, 2018 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад