Сахидод Раҳматуллозода: «Истифодаи осори устод Рӯдакӣ барои таълиму тарбия ва ба вуҷуд овардани дастурҳои таълимӣ ба манфиат аст»

Сентябрь 22, 2018 14:04

ДУШАНБЕ, 22. 09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар тамоми Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ — поягузори адабиёти классики тоҷик, «Дурахшонтарин чеҳраи фарҳанги аҳди Сомониён» Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.

Доир ба ин мавзуъ  хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори Пажӯҳишгоҳи забон  ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳо Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Устод мегуфтед, ки чаро баъди гузашти зиёда аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам осори «Маликушшуаро»- Абуабдулло Рӯдакӣ аҳамияташро гум накардааст ва омӯзишу пажӯҳиши он идома дорад?    

Сахидод Раҳматуллозода: Осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ мебошад. Омӯзиш ва таҳқиқи осори ӯ ҳазорсолаҳои дигар низ боқӣ мемонад, чунки суханаш абадӣ аст. Устод Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст, ки ҳамеша инсоният ба он таваҷҷуҳ дорад.

Рӯдакӣ маънии ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашро ба беҳудагӣ нагузаронад, аз паи ҳунаре шавад, касеро наёзорад, нексиришту неккирдор бошад. Аз назари Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад.

Зимни мутолиаи абёти парокандаи шоир эҳсос мешавад, ки Рӯдакӣ бештар ба омӯхтани дониш таваҷҷуҳ дошт. Ӯ ишорат ба он менамояд, ки инсоният аз рӯзи нахуст ба омӯхтан ва андӯхтани дониш саъй намудааст, вагарна ин ҳама пешравиҳо дар ҳаёти инсоният бе талаби илм имконнопазир мебуд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихирад андар ҳар замон,

Рози донишро ба ҳар гуна забон,

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштан,

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

Шоир ба воситаи ин байтҳо гуфтанӣ аст, ки аз гаҳвора то ба гӯр дониш омӯз.

АМИТ «Ховар»: Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки аз осори бузургу гаронбаҳои устод Рӯдакӣ то имрӯз қариб 1200 байт боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва нотамомии абёт мустаҳкамии композитсия, шавқангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри ӯ барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ҷилвагар месозад. Устод мегуфтед, ки дар маҷмӯъ ашъори Рӯдакӣ чӣ миқдорро ташкил медиҳад?

Сахидод Раҳматуллозода: Бале. Мутаассифона, то замони мо қариб 1200 байт аз ашъори «Султони шоирони Аҷам»   боқӣ мондаасту халос. Доир ба миқдори ашъори устод Рӯдакӣ ду байти ғазали шоири асри XII Рашидии Самарқандӣ бештар муҳаққиқонро ба гуногунфикрӣ овард:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунон, ки бояд бишмарӣ.

Аксари олимони Шарқу Ғарб дар асоси мисраи сеюми ғазали боло миқдори ашъори Рӯдакиро як миллиону сесад ҳазор фаҳмидаанд. Устод Саъдоншоҳ Имронов бо далелҳои хеле қатъӣ исбот кард, ки ин миқдор шеърро ҳеҷ шоире дар умри худ гуфта наметавонад. Ҷустуҷӯи пайваста устод Имроновро ба мурод расонид. Ӯ дар асоси гуфтаи Наҷотии Самарқандӣ дар китоби «Шарҳи таърихи Яминӣ» мисраи сеюми ғазали Рашидиро чунин тасҳеҳ мекунад:

«Шеъри ӯро ман шумурдам сесаду даҳ сад ҳазор»

«Агар эҳтимоли ин ҷониб ва тасҳеҳи мисраи сеюми шеъри Рашидӣ аз лиҳози маънию мантиқи калом иртиботе бо нусхаи аслдошта ва ба ҳақиқат наздик бошад, дар ин ҳол метавон гуфт, ки теъдоди абёти Рӯдакӣ сад ҳазору сесаду даҳ байт (сесаду даҳ ҳазор)-ро ташкил медиҳад ва гумони ғолиб он аст, ки Рашидӣ низ шояд маҳз ҳамин маъниро дар назар дошта бошад»,-хулоса кардааст С. Имронов.

Осори бадеиву таърихии суханвари тоҷикро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ дар қасидаи мунозиравии худ «Арабу Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст.

АМИТ «Ховар»: Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ дар Ғарбу Шарқ таълифоту тадқиқоти зиёд ба миён омадааст. Олимони Аврупо дар асрҳои чанд ба пажӯҳиши осори Рӯдакӣ оғоз карданд?

Сахидод Раҳматуллозода: Омӯзиши эҷодиёти Рӯдакӣ аз ибтидои асри XIX шурӯъ шуда, аввалин шахсе, ки дар Ғарб аз шоирии Рӯдакӣ ва соҳибдевон будани ӯ хабар додааст, сайёҳи фаронсавӣ, муаллифи асари «Эрон» (с.1814) Амелс Журден буд. Дар ин давра дар асари шарқшиноси австриягӣ Ҳаммер Пургштал («Таърихи шеъри форсӣ», с.1818) ва китоби Луи Дюбо «Эрон» (с.1841) низ оид ба шарҳи ҳолу аҳволи Рӯдакӣ маълумот ба табъ расид.

Инчунин шарқшиноси машҳури олмонӣ Ҳаммер Эте, донишманди фаронсавӣ Шарл Шеффер, шарқшиносони машҳури англис Чарлз Пиккеринг, ва Эдвард Браун, донишманди америкоӣ Вилямс Ҷексон, донишманди англис Рубин Левин, олими чех Ян Рипка, шарқшиноси олмонӣ Паул Ҳорн ва дигарон роҷеъ ба шарҳи ҳол ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маълумот додаанд.

Донишмандони Ҳиндустону Эрон низ дар бораи осори Рӯдакӣ асарҳо эҷод кардаанд. Доир ба ҳаёту эҷодиёт ва хусусияти ашъори устод Рӯдакӣ донишмандони тоҷик, аз ҷумла, С. Айнӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Нуров ва дигарон мақолаву рисолаҳои илмиву маърифатии зиёд таълиф кардаанд.

Он мақолаҳое, ки олимони тоҷик дар бораи маҳорати шоирии устод Рӯдакӣ навиштаанд, барои омӯхтани қофияву вазн, бадеъ ва анвои шеъри «Одаммушуаро» аҳамияти махсус доранд.

АМИТ «Ховар»: Устод Рӯдакӣ аввалин шахсест, ки забони форсӣ-тоҷикиро ба воситаи осори баландмазмуни худ ба дараҷаи олӣ  расонд. Инчунин ба воситаи ашъори ӯ ин забон машҳури оламиён гашт. Оё забони осори Рӯдакӣ пурра ба забони имрӯзаи тоҷикӣ мувофиқат мекунад?

Сахидод Раҳматуллозода: Албатта, забони осори Рӯдакӣ пурра ба забони имрӯзаи тоҷикӣ мувофиқат мекунад. Дар олами ориётаборон нафаре нест, ки Рӯдакиро нафаҳмад. Дар таркиби луғавии осори Рӯдакӣ асосан калимаҳои ноби тоҷикӣ ва калимаҳои арабӣ ба нудрат истифода шудааст. Ҳангоми таҳқиқи осори ӯ 78 калимаи суғдӣ пайдо кардам, ки таҳқиқи илмии ҳар як калимаи он як мақола мешавад.

Забони шеъри Рӯдакӣ фасеҳу равон, содаву фаҳмост. Баъди ҳазор сол ҳам калимаҳои истифоданамудаи Рӯдакӣ ба оммаи васеи мардуми тоҷик фаҳмову равшан буда, имрӯз ҳам дар истеъмоланд.

Дар ин ҷо як сухани устод Айниро овардан бамаврид аст. Устод Айнӣ мегӯяд «…дар забони зиндаи халқи тоҷик чунон хазинаҳо ҳастанд, ки пур аз дурдонаҳои пурқимат мебошанд. Вазифаи мо нависандагон ана ҳамон дурдонаҳоро ёфта, ба омма туҳфа кардан аст…».

Ин гуфтаи устод Айнӣ ба сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик ҳам тааллуқ дорад. Яке аз хусусиятҳои махсуси осори Рӯдакӣ ҳамин аст, ки шоир лексикаи суғдиро дар ашъораш миқдоран хеле зиёд истифода кардааст. Ин калимаҳоро устод Рӯдакӣ чунон моҳирона истифода кардааст, ки суғдӣ будану фаҳмидан ва муайян кардани он кори начандон осон аст.

Хулоса осори устод Рӯдакӣ дар замони имрӯза, пеш аз ҳама, дар тарбияи ҷавонони кишвар дар амри дӯст доштани забон, адабиёт, осори фарҳангӣ ва ниҳоят дӯст доштани Ватану эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурифтихор ва шахсиятҳои номовари миллат хеле муассир аст. Мо имрӯз метавонем, ки осори Рӯдакиро барои таълими  забону адабиёти тоҷик ва боқимондаҳои забони суғдӣ дар таълимгоҳҳо истифода намоем. Осори Рӯдакӣ на танҳо барои таълиму тарбия, балки барои ба вуҷуд овардани дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, грамматикаҳо низ ба манфиат хоҳад буд.

Сентябрь 22, 2018 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд