Сайфулло Муллоҷон, доктори илми таърих: «Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро Пешвои миллат комил гардонданд»

Сентябрь 12, 2018 12:41

ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон 27-умин солгарди истиқлолияти хешро таҷлил намуд. Бисту ҳафт сол муқаддам,   9 сентябри соли 1991,  Тоҷикистон ба истиқлолият расида буд. Кишварҳои ҷаҳон истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносиботу равобит ва ҳамкорӣ бо ин ҷумҳурии тозаистиқлолро ба роҳ монданд. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд аст. Ин   Ин кишвари Осиёи Марказӣ узви СММ, САҲА, СҲШ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавист. 

Дар  робита ба ин мавзӯъ шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди ХОВАР бо доктори илми таърих,  коршиноси масоили сиёсӣ Сайфулло МУЛЛОҶОН суҳбат орост:

АМИТ «Ховар»:  Мегуфтед, ки мафҳуми истиқлолият чиро ифода мекунад?

Сайфулло Муллоҷон: Воқеан дар ин мавзӯъ хеле андеша кардам ва ба фарҳангҳои муътабари забони тоҷикӣ руҷӯъ намудам. Як чизи аҷибе, ки ба чашми ман бархӯрд, ин аз 8 то 10 мавзӯъ ё мафҳуме буд, ки оид ба истиқлол тарҳрезӣ шудаанд. Аз онҳо маънӣ бардоштам, ки ҳамаашон мафҳуми мусбат ва падидаҳои умедворкунанда ҳастанд. Ба чанде аз онҳо ман ишора мекунам: аввал ин ки истиқлолият мустақил будан, ҷудо будан ва набудани  вобастагиро нишон медиҳад. Дуюм, бардоштану баланд кардан ё ҷои баланд баромадан аст. Дигар, вақте паранда парвоз мекунад, дар ҳамон ҳолат ҳадафи паранда агар парвоз кардан бошад, пас он ба маънии истиқлол аст. Ё ин ки гиёҳ рӯид ё сар кашиду ба боландагӣ расид, дар фарҳанги мо инро истиқлол мегӯянд. Калимаи дигар, масъалаи худкифоӣ, яъне ба ҳеҷ кас вобаста набудан низ истиқлол аст.

АМИТ «Ховар»: Яъне  ба пушти касе паноҳ набурдан, яъне вобастаи касе набудан истиқлол аст…

Сайфулло Муллоҷон: Бале, ҳамин тавр.   Ин мафҳум дар «Ғиёс-ул–луғот» — муътабартарин луғоти забони мо  зери тафсири  калимаи “истиқлол” омадааст. Дар маҷмӯъ, тамоми маъниҳое, ки муфассирони фарҳангҳои мо аз ҳамин калима гирифтаанд, маъниҳое ҳастанд,  ки мумтоз будан, баланд будану боло буданро ифода мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Замоне, ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, Шумо низ мисли мо ҷавон будед ва фикр мекунам, дар ҳамон давраи нобасомониҳо маънии истиқлолро дарк кардед?

Сайфулло Муллоҷон: Бале. Бубинед, баъзеҳо ба солҳои аввали истиқлол нигариста, ҳанӯз ҳам мегӯянд, ки истиқлолият як ҳадяи осмонӣ буд ва ногаҳ ба мо расид. Вале агар мо  чунин пиндорем,     пас мо, қабл аз ҳама, хидматҳои бисёр арзандаву бузурги фарзандони миллати тоҷикро, ки дар гузашта барои истиқлолият мубориза мебурданд,  нодида гирифтаем. Яъне истиқлоли мо ҳарчанд ҳадя буд,  ҳарчанд нухбаҳои ҷомеаи тоҷик дар солҳои 90 интизораш набуданд, аммо ин маҳсул ва талошу пайкору муборизаҳои фарзандони тоҷик дар асрҳои гузашта ва хусусан дар ибтидои асри 20 буд: хидматҳои фаровони устод Садриддин Айнӣ ва ҳамравони  он кас-Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, баъдан  дар солҳои 40 — 50 — ум академик Бобоҷон Ғафуров, шоирони бузурги  мо, ки барои пояндагии забон, ҷилои забон, фарҳанги миллиамон мубориза бурданду талош карданд. Ҳамаи онҳо дар саргаҳи ин истиқлол меистанд  ва истиқлоли мо аз нигоҳи идеологӣ аз сӯи онҳо, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад,  суғурта карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Ман фикр мекунам истиқлоли воқеӣ барои Тоҷикистони азизи мо соли 1992, замоне ки ҳукумати қонунӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, оғоз шуд, чун ин марди хирадпеша ва дурандеш дар мушкилтарин вазъият идораи ҷумҳуриро ба уҳда гирифтанд ва пояҳои истиқлолро мустаҳкам намуданд…  

Сайфулло Муллоҷон: Саддарсад дуруст аст! Истиқлол расман соли 1991 ба даст омад, аммо истиқлолияти воқеӣ чизи дигар аст. Дар гузашта, дар  асри 20 ҳанӯз Ленин мегуфт, ки давлатро гирифтан осон, аммо идора кардани он кори саҳл нест. Масъалаи муҳим, душвортарин ва масъулиятноктарин дар назди таърих- ин ҳифзу ҳимояи истиқлол аст. Мутаассифона, вақте ин неъмат ба дасти мо расид, мо ба қадраш нарасидем, ба ҷои тақвияти рукнҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам кардани давлат дар ҳамон давра  ба баҳсҳои беҳуда, пархошу ҷанг пардохтем ва қариб монда буд, ки истиқлолро аз даст диҳем.

Соли 1992 ба мо воқеан пора — пора шудани Тоҷикистон  таҳдид мекард. Маҳз ҳамин вақт масъалаи нигоҳ доштану пос доштани давлату миллат пеш омад. Ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки нақши Пешвои миллат дар ин замина бисёр арзишманд аст ва замони ба сари қудрат омадани он кас Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилӣ раҳида, тамоми институтҳои давлатдорӣ дубора поягузорӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар»:  Ин чиз  ҳатман на танҳо зикр, балки бояд сутуда шавад, чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти Тоҷикистонро бо тамоми рукнҳояш (парчами давлатӣ, суруди миллӣ, артиши миллӣ, мақомоти давлатӣ ва  иститутҳои давлатдорӣ, мақоми давлатии забони тоҷикӣ, эҳё ва гиромидошти арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ ва ғайраву ҳоказоро)   таъмин карданд…  

Сайфулло Муллоҷон:  Соли 1991, замоне ки Тоҷикистон ба истиқлолият даст ёфт, давлату миллат  ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва маънавӣ  дар ҳолати бисёр душвор доштанд.  Ҳатто умед ба фардо намонда ва ё хеле заиф монда буд. Ман як ҳодисаеро, ки шоҳиди он будам, мехоҳам ёдовар шавам.    Вақте Тоҷикистон ба истиқлол расид, мо дар донишгоҳ дарс мехондем, тақрибан 90 дарсади устодони мо, ки баъзешон имрӯз, мутаассифона,   дар қайди ҳаёт нестанд,  ба чунин дастовард омодагии сиёсӣ надоштанд ва мардум ҳам бовар  намекарданд. Дар ёдам ҳаст, ки дар ҷараёни дарс ба баҳс мепардохтем. Баъзе аз устодон дар бораи истиқлолият тавре гап мезаданд, ки он гӯё чизи нозарур бошад, аммо мо медонем, ки дар Осиёву Аврупову Африқо ва ҳатто дар қитъаи Амрико вақте барои истиқлолият мубориза мебурданд, хунҳо рехта мешуд, талафот буд, қурбониҳо дода мешуд ва ба қадри истиқлолият мерасиданд.

Сабаби дигар ин буд, ки дар ҳамон замон Шӯравӣ пош хӯрда буд, пул аз байн рафт, эътимод аз байн рафт, рӯзгори мардум бисёр вазнин  гардид.  Ҳарчанд ҷанги шаҳравандӣ ба мо таҳмил шуд, ҳарчанд мардум фирорӣ шуданду мушкилоти зиёде пеш  омад, аммо мо аз парокандагӣ то ба сулҳу субот ва истиқлолият марҳилаи чандон тӯлониро паси сар накардем. Ва баъди 8 сол- соли 2000 кишвар аз самти поёнравӣ ба самти тараққӣ роҳ пеш гирифт.

АМИТ «Ховар»: Аз назари Шумо,  имрӯз истиқлоли мо дар кадом вазъ ё поя қарор дорад?

Сайфуллои Муллоҷон:   Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ,  Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ истиқлоли кишвари моро ба расмият мешиносанд, ки ин неъмати беназир аст. Дуюм, дар солҳои аввали истиқлолият ҳатто дар сарҳади мо неруҳои марзбонии Россия меистоданд. Имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар  ва ба ҳар куҷое меравед, неруҳои мусаллаҳи худамон фаъоланду аз марзу бум ва амнияти мо ҳимоят мекунанд. Ман борҳо эҳсос кардам, вақте вориди Тоҷикистон мешавем, парчами миллии Тоҷикистонро мебинем, забони тоҷикиро мешунавем ва аз ин рамзҳои давлатдорӣ ифтихор мекунем. Бояд бигӯям, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли моро пурра ва  комил карданд.

Сентябрь 12, 2018 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд