«ШОМИ ДӮСТӢ» ДАР ХУҶАНД. Бо иштироки ҳунармандони вилоятҳои Суғду Самарқанд консерти муштарак баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 сентябр гурӯҳи калони намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф меорад. Дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанд дар шаҳри Хуҷанд консерти муштараки ҳунармандони вилоятҳо таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Ҳамчунин бо ширкати доираҳои тиҷоратии вилоятҳо Форуми соҳибкорон доир хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе ва моҳи августи соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор шуданд, дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз намуд.
Аз ҷумла, зимни сафари кории Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қатори дигар санадҳои нави ҳамкорӣ Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расид. Бо таҳкими муносибатҳои дӯстона ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғду Самарқанд густариш ёфта, рафту омад ва мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Моҳи апрели соли равон гурӯҳи калони фарҳангиён ва соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуда, дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва Бизнес – форуми «Рушди ҳамкории манфиатбахш байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» иштирок намуданд.
Сафари навбатии намояндагони вилояти Самарқанд низ идомаи тадбирҳои ҳадафманд буда, бо мақсади тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ амалӣ мегардад.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






