Азим Иброҳим: «Омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон дар вилояти Хатлон нокифоя мебошанд»
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Бохтар зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Хатлон ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор гардид. Тибқи маълумоти оморӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои