Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризми Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Кумита, роҳбарияти ноҳия ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризми Тоҷикистон, соҳибкорону сокинони фаъоли ноҳия ширкат доштанд.
Дар кори ҳамоиш масъалаҳои рушди экотуризм тавассути механизмҳои иқтисодӣ, ташкили бештари хатсайри сайёҳии экологӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин, дар кори ҳамоиш ба масъалаҳои таъсиси гўшаҳои иттилоотии сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии минтақа, баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтор аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо дар ноҳия, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, аз ҷониби менеҷерҳои дорои малакаҳои баланди идоракунӣ дар меҳмонхонаҳо, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо, пешхизматҳо ва мутахассисон оид ба хизматрасонӣ, ба талабот ҷавобгў намудани ҳолати санитарию гигиении имкониятҳои хизматрасонӣ ва маконҳои тамошои сайёҳӣ дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дахл карда шуд.
Қобили тазаккур аст, ки мавқеи ҷуѓрофии мусоиди ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, обу ҳавои тоза, чашмаҳои гуногуни шифобахш, мероси бойи таърихию фарҳангӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз афзалиятҳое ба шумор мераванд, имконияти тараққӣ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконпазир мебошад.
Яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ- ин ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дошта, ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Бояд гуфт, ки сайёҳии шикор дар Тоҷикистон аллакай як навъи маъмули саёҳат ба ҳисоб рафта, барои шикори ҳайвоноти нодир тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ баҳри рушди сайёҳии ноҳия аз ҷумла, рушди инфрасохтори минтақа бо ҷалби соҳибкорон ва тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди соҳа диққати доимӣ медиҳад.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва имтиёзҳои роҳандозишуда барои соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ ширкати сайёҳии ҶДММ “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Меҳмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад.
Дар мавсими сайёҳӣ меҳмонону сайёҳон ва шавқмандони сайёҳии шикор аз ин макон дидан намуда, аз хизматрасонии он васеъ истифода намуда истодаанд.
Имрӯз мо метавонем бо ташкили хатсайрҳои экосайёҳӣ ва ҷалби мутахассисон, сайёҳон, олимону пажўҳишгарон барои омўзиши минтақаҳои табиии Тоҷикистон ва ташаккулу тараққии сайёҳии экологӣ дар кишвар барои рушду пешрафти минтақаҳои куҳӣ, деҳоту водиҳо ва мамнўъгоҳҳои Тоҷикистон, ки аҳамияти бузург дорад, таъсир расонида бошем.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






